Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
вақти зарурат шасти девонавори онро гардонанд ва сангҳои даҳшатафканашро нигоҳ доранд.
-
Биноан дар ин сой сохтани банди муҳофизатӣ ҳатмист, - ба чеҳраи мусоҳиби худ нигарист Хайрулло Сафарзода.
-
Ҷаноби муҳтарам, хоҳиш дорам, бигӯед, ки барои чӣ мутахассисини шӯравӣ қабл аз оғози сарбанди Неругоҳи Роғун се банди муҳофизатиро насохтаанд, - бо савол муроҷиат намуд профессор Ифтихор Ҳалил, ки дар баробари забони англисӣ ба лисони форсӣ ҳам хеле хуб балад буд.
-
Ҷаноби муҳтарам, - посух гуфт Хайрулло Сафарзода, - сабаби дар замони шӯравӣ бунёд нагардидани бандҳои муҳофизатӣ ба ман маълум нест. Аз ин масъала ҳамкорони ман низ огоҳӣ надоранд, зеро масъулини онвақтии сохтмон аз ин ҷо нақли макон кардаанд.
-
Ман чунин ақида дорам, ки қабл аз оғози сохтмони сарбанди неругоҳ бунёд нагардидани бандҳои муҳофизатӣ, - далел овард профессор Ифтихор Ҳалил, - маънои онро дорад, ки онҳо дар ин кӯҳанрӯд зинҳор ба кор намеоянд ва сохтани онҳо зарурат надоранд.
-
Ба фикри ман, баръакс, маҳор задани ин кӯҳанрӯд яке аз масоили умдатарини сохтмони Неругоҳи Роғун аст, - пешниҳоди худро бо қатъият дифоъ намуд Хайрулло Сафарзода, - соли як ҳазору нӯҳсаду наваду се вақте ки сарбанди ба иртифои чилу семетраи Неругоҳи Роғун тахриб гардид, яке аз неруҳои тахрибгар обҳои ниҳоят тезчараёни гилпур ва сангҳои хеле бузурге буданд, ки рӯйи амвоҷи ин кӯҳанрӯди девкирдор ва девонарафтор шино карда меомаданд. Инро бо чашмони худ дидаам, зеро он айём сармуҳандиси як муассисаи обёрии Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Азбаски сохтмони неругоҳи Роғунро аз самими қалб дӯст медоштам ва он барои мардуми Тоҷикистон бисёр даркор буд ва имрӯз бештар даркор аст, ҳарчанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё