Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

вазъи ҷумҳурӣ он дам хатарҳо дошт, вале бо вуҷуди ин алайҳи душвориҳо ман чун муҳандис ба набардгоҳи онвақтаи об ва инсон, яъне ба назди сарбанд омадам ва то метавонистам кӯмак кардам, агарчи дар ин ҷо ҳеҷ масъулияте надоштам. Се шабу се рӯз, саҳеҳтараш дар санаҳои 6-9-уми май дар гирду атрофи сарбанду ин куҳанрӯд будам, ки мо онро сойи Оби Шӯр меномем, борони сел на шабу на рӯз ягон лаҳза қатъ намегардид. Боз ҳам бо чашмони худ дидам, ки селоби тезҷараёни гилпур ва сангҳои мудҳиш ба Вахшрӯд лаҳза ба лаҳза бархӯрд карда, маҷрои дарёро нигоҳ доштанд ва рӯд дамида, лабрез шуд ва обҳои гилолуд ба нақбҳо ворид гардида, то ба сақфҳои нақбҳо расиданд ва албатта, дар нақбҳо резиш ба амал омаданд. Ва шаби аз 8 ба 9 май якчанд нафар муҳандисон, коргарон ва ман низ ҳамроҳи онҳо дар назди сарбанд такопу доштем. Мо, ҳамагон саропо тар шуда будем. Ман умед мекардам, ки сарбанд барқарор мемонад, ҳеҷ бовар надоштам оби дамидаи Вахшрӯд ин қадар бераҳм аст, ҳамаро дарҳам фурӯ мебарад. Бале, оби дамида бераҳм будааст ва ҳикмати мардуми мо хеле пурмаъност, ки мегӯянд, дӯсти мо об, душмани мо ҳам об. Душман будани обро ман дар ҳамин набарди даҳшатафкан дидам. Оби дамидаи Вахшрӯд лабрез гардида, ба сарбанд чунон фишор овард, ки аввал дар соҳили чапи сарбанд рахнаи хурде пайдо кард. Дар ҳамин дам ронандае мошини худро, ки пур аз сангу рег буд, баланд газ дода ба рахнагоҳ зуд ҳай кард, ки дами обро бигирад. Вале мошину ронанда ба рахнагоҳ афтода, дар байни обу кафку лой нопадид гардиданд. Ин ронанда худро бо мошинаш барои ҳифзи сарбанд фидо намуд. Дар лаҳзаи дигар гӯё тамоми сарбандро аждаҳое фурӯ бурд ва аз он нишоне намонд. Сипас дамхӯрии рӯд ҳам анҷом ёфта, гирду атроф ором гардид.

Профессор Ифтихор Халил ин қиссаи пурфоҷиаро, ки Хайрулло Сафарзода бо эҳтирос ва дарду алам ҳикоя намуд,

пешина
аз 216
навбатӣ