Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
бо диққат гӯш кард ва аз чеҳраи меҳмон дарёфтан мумкин буд, ки вай аз ин воқеа басо мутаассир ва мағмум гардидааст. Баъд аз андешае муҳандиси машҳури Бонки Умумиҷаҳонӣ аз бозувони раиси кулли сохтмон дошта, чунин суханонро ба забон овард:
- Бародари азиз, возеҳ мегардад, ки муҳандисони тоҷик солиёни тӯлонӣ ниҳоят заҳмату азият кашидаанд. Дар фарҷоми ин ҳама азобҳо ман итминон дорам, ки мардуми Тоҷикистон муваффақ хоҳанд шуд. Халқи тоҷик толеъи баланд дорад ва ин халқ саодатманд аст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти накӯтабор, хирадманд ва дурандешу нуронӣ аст, бинобар ин хонаи ҳар як тоҷик ҳатман пурбаракат ва нуристон мегардад. Ман ба ин мутмаин ҳастам.
Хайрулло Сафарзода барои ин арҷгузорӣ ба мусоҳиби худ сидқан ташаккур гуфт ва дасташро самимона фишурд...
Гуфтушунидҳо ва баҳсу талошҳо бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ барои саҳеҳ будани лоиҳаи Неругоҳи Роғун хеле идома ёфтанд. Ба ҳар як мулоқоту вохӯрӣ ва сафарҳои хидматӣ Хайрулло Сафарзода бо маслиҳату дастурҳо ва амру супоришҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дуои модари мушфиқ мерафт.
- Пас аз ин ҳама дастуру супоришҳо, маслиҳатҳо ва панду андарзҳои Сардори давлат худро хеле боқуввату неруманд ҳис менамудам ва гӯё кӯҳи сарбаланду мустаҳкам муттакои ман буд, - ба ёд меорад Хайрулло Сафарзода.
Баъд аз чунин роҳнамоии донишмандонаи Пешвои миллат ӯ бо ду-се нафар ҳамкорон барои гуфтушунид бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ба пойтахти Фаронса шаҳри Париж ба сафари хидматӣ рафтагор шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё