Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Дар ин мулоқот ва баҳсу талошҳо мутахассисони номвар Барло Ҷованни, Симоне Читерио, Лучано Корти, Лора Так, Рамон Секанелл, Пол Маринос, Алесандро Полмери, Николас Санс ва албатта, Ифтихор Халил ширкат доштанд. Ҳайрулло Сафарзода ва ҳамкоронаш ба ҳар як гуфтаҳои коршиносон дар мақоми инод ва инкор ба лоиҳаи сохмонии Неругоҳи Роғун далелҳои қотеъ ва рад-нашаванда баён медоштанд...
Боре пас аз анҷоми ҷаласаи навбатӣ Ҳайрулло Сафарзода ба ҷониби меҳмонхона раҳсипор шуд. Ӯ чун ба утоқи худ ворид гашт, ки занги телефон баланд садо дод. Овози муовини техникии ҷамъият Анвар Мирзоевич Раҳмонов аз дуродур ҳам возеҳан шунида мешуд:
-
Муҳтарам раис, дар сойи Оби Шӯр селоби тезҷараён омад, бо ҳамон сангҳои калон...
-
Анварҷон, бародарам, бисёр саҳеҳ ва дар вақташ занг задед, ин шӯру гиреви сойро бо дастгоҳи видео аксбардорӣ карда, фавран фиристед. Ҷаласаи субҳи фардоро бо намоиши ҳамин селоби гилолуд ва сангҳои ҷилтон-нагии сойи Оби Шӯр оғоз менамоем. Далелҳои аз ин дида саҳеҳтару қотеътар дигар намешаванд.
Чун рӯзи дигар ҷаласаи намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз шуд, Директори генералии ҶСК НБО Роғун Ҳайрулло Сафарзода иҷозати сухан гуфтан гирифт:
- Ҷаноби Ифтихор Халил, хонумон ва ҷанобон, чанд вақт қабл аз ин ман дар Ватани азизам, дар соҳили сойи Оби Шӯр роҷеъ ба седобҳои вайронкоронаи ин куҳанрӯд ҳикоя карда будам. Шабонгоҳон ба ман хабар расонданд, ки ҳамин селоби таҳрибкори ин сой такрор шудааст ва инак, ба ҳузури муҳтарами шумо аксҳои видеоии ин воқеаи табииро нишон медиҳам.
Ҳозирини ҷаласа селоби ниҳоят тезҷараёни пуршиддат ва сангҳои бузурги шиновари онро дида, ба қувваи вайронкории ин сой боварӣ пайдо карданд. Биноан онҳо хамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё