Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

рӯз ва рӯзҳои дигар ин намоиши даҳшатоварро якчанд маротиба такроран бидиданд.

Сипас профессор Ифтиҳори Халил ба ҳозирин муроҷиат кард:

  • Хонумон ва ҷанобон, ҳамкасбони муҳтарам! Ман зимни сафари хидматии худ, ки қаблан ба кишвари Тоҷикистон анҷом гирифт, дар соҳили ҳамин куҳанрӯд будам.
    Ҷаноби Сафарзода ба ман селобҳои таҳрибкори онро ҳикоя карданд, вале барои ман он як дараҷа ҳайратовар намуд, биноан ба чунин таҳрибкорӣ чандон эътимод надоштам. Ва дар замони шӯравӣ ҳам бандҳои муҳофизатӣ сохта нашуда будаанд ва биноан гумон кардам, ки ин бандҳо зарурат надорад. Ва алҳол мо, ҳамагон возеҳан бидидем, ки маҳз ҳамин куҳанрӯд дар собиқ бо селоби баҳории худ яке аз неруҳои таҳрибгари сарбанди ба иртифои чилу се метр бунёд гардидаи Неругоҳи Роғун будааст.

Ҳоло ман дар ҳузури шумо ҳар ду дасти худро боло карда, изҳори менамоям, ки барои сохтани банди муҳофизатии сойи Оби Шӯр комилан мувофиқа дорам. Ва ба Директори генералии сохтмони Неругоҳи Роғун, муҳандиси донишманди тоҷик, ҷаноби Хайрулло Сафарзода ташаккур мегӯям, ки доир ба ақидаи мо дар мақоми инод ва инкор вобаста ба лоиҳаи сохтмони чунин неругоҳи бузург далелҳои қотеъ меоранд ва бинобар ин ҳар як қадамашон ба сӯйи ҳадафи асосӣ, бунёди Неругоҳи муҳташами Роғун саҳеҳ ва устувор аст! Орзуи мо ин аст, ки ҳамеша пирӯз бошед, ҷаноби Сафарзода ва барои халқу Ватани худ - Тоҷикистон хидамоти арзанда бикунед!

Воқеан ҳам ин пирӯзии бузурги муҳандиси тоҷик буд.
Пирӯзии муҳандиси тоҷик бар муҳандисону олимон ва мутахассисони арсаи байналхалқӣ бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардид.

пешина
аз 216
навбатӣ