Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ба ҳамин минвол мутахассисин ва намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ба муҳдати чор солу чор моҳ бо Асосноккунии техникию иқтисодӣ ва Баҳогузории таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун аз лиҳози илмӣ ва техникӣ дар кулли ҷабҳаи ин сохтмони муҳташам тадқиқот ва таҳқиқоти дақиқ гузаронда, ба хулосае омаданд, ки эъмори ин азамати энергетикӣ фақат мамлуи мафод буда, ба мамолики поёноби рӯди Ому сари мӯе музир нест. Биноан сохтмони ин неругоҳ комилан ба халқи тоҷик ва Роҳбари давлати он дахл дорад.
29 октябри соли 2016 дар сохтмони неругоҳи сарнавиштсози халқи тоҷик саҳифаи навини беназир эҷод гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун паҳлавони шердил ва ҷасури афсонавӣ аз соати 10:00 то 11:30 дақиқа булдозери пуриқтидорро моҳирона идора карда, хоку сангро ба дарёи Вахш рехтанд ва маҷрои рӯдро тағйир доданд. Сипас об ба нақби сохтмонии рақами 1 рафт ва аз поёни мавзеи бунёди сарбанд ҷорӣ гашта, боз ба маҷрои пешинаи худ равон шуд. Ин рӯз дар таърихи халқи тоҷик оғози бунёди сарбанди НБО-и Роғун - сохтмони муҳимтарини мардуми Тоҷикистон мебошад.
Агар гӯем, ки таърихи башар чунин иқдоми волою саршор аз футуввати ҷавонмардиро кам дидааст, иштибоҳе нахоҳад шуд. Баъд аз тағйир ёфтани маҷро муҳорибаи одаму дарё тамоми рӯз ва аз шом то субҳ идома мекард. Дар дили шаб бо чароғҳои фурӯзон ғурридану ҳаракати мошинҳои пуриқтидори замонавӣ ва техникии вазнин манзараҳои аҷоибе доштанд. Шоҳидони айнии сохтмони Неругоҳи Роғун замони бори нахуст, яъне санаи 27 декабри соли 1987 бастани маҷрои дарёи Вахшро дар ин мавзеъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё