Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

гувоҳӣ медиҳанд, ки чунин шаҳомату шукӯҳи пайкор, матонату ҷасоратро ҷабҳаи бунёди ин иншооти азим ёд надорад.

Ба ин сангари мардодагӣ ва майдони набарду таҳамтанӣ омадан ва бо техникаи муқтадир сарукор гирифтани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри тағйир додани маҷрои Вахшрӯд бо мақсади поягузории сарбанди баландтарини иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон бо иртифои 335 метрро ҳазорон меҳмонон мушоҳида намуданд ва офарину аҳсанҳо хонданд.

Модари ғамхор ният доштанд, ки бо дастони худашон ба сарбанд хок партофта, ба кори умумихалқӣ ёрӣ расонанд. Вале ба иллати беморӣ омада натавонистанд. Ва аз ҳотаи ҳавлӣ як мушт хокро ба матое печонида, ба писарашон доданд, ки ба тӯдаи сарбанд ҳамроҳ намояд...

Хайрулло Сафарзода васли санҷишию техникии агрегатҳои 5 ва 6-ро, ки дар пойгоҳи истеҳсолии Элок пештар анҷом ёфт, такроран аз назар гузаронд. Барои иҷрои ин кори нозуки техникӣ ҳамон вақт якчанд нафар муҳандисони соҳибтаҷрибаи Русия низ даъват шуданд. Хушбахтона васли санҷишӣ мувофиқи талаб ҷараён гирифт. Муҳандисони ҶСК НБО Роғун ширкату назорати ин вазифаи муҳимро софдилона иҷро кунанд ҳам, Хайрулло Сафарзода шахсан ба пойгоҳи истеҳсолии Элок омада, ҳар як қисмати васлгаштаи агрегатро бо чашмони худ дақиқона мушоҳида менамуд.

Чун ӯ аз фарҷоми ин масъалаи аввалиндараҷа қаноатманд гардид, инон ба толори мошинҳо битофта, васлу насби ду адад крани борбардори 500-тоннагиро мушоҳида намуд. Хайрулло Сафарзода бо ташаббуси шахсии худ қаблан дар назди Вазорати барқ ва саноати ҷумҳурӣ масъала пешниҳод карда буд, ки барои зарурати бардоштану ҷогузин намудани агрегатҳои неругоҳ дар заводи истеҳсоли крани шаҳри Новосибирски кишвари Русия ду адад

пешина
аз 216
навбатӣ