Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
кран супориш диҳанд. Кранҳои пуриқтидор дар сари вақт сохта шуда, ба толори мошинҳо интиқол ёфтанд. Албатта, шахсе, ки андаке маърифати техникӣ дошта бошад, ба бузургворию дурандешии Сардори давлат ташаккуру шукрона мегӯяд, ки ҷумҳурии мо соҳиби чунин крани пуриқтидор гардидааст, зеро маълум аст, ки на ҳар давлати гирду атрофи Тоҷикистони маҳбуб молики ин ранг кранҳои пуриқтидор ҳастанд.
Хайрулло Сафарзода ҳамчун Директори генералии ҶСК НБО Роғун, ки васлу насб ва ба кор даровардану барқ тавлид намудани кулли шаш адад агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун ба зиммаи ӯ ва тобеонаш вогузор шудаанд, дар ин бобат низ муносибати эҷодӣ ва қолабшиканӣ намуд. Қабл аз ҳама ӯ доимо чунин ҳисоб менамояд, ки тамоми фаъолияташ ва пешравию фарҷоми неки корҳои ҶСК НБО Роғун бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.
Қолабшикании навбатиашро зикр намуданием, ки ӯ бо ин амали хеш донишу маҳорат, кордонӣ ва обрӯю эътибори муҳандиси тоҷикро баланд бардоштанист. Акнун бояд гӯем, ки ин чӣ навъ амалӣ мегардад?
Ҳамон навъе ки аён аст, аз замони бунёд намудани Неругоҳи аввалини Варзоб то имрӯз, яъне то сохтмони Неругоҳи Роғун дастони муҳандисони тоҷик ба васлу насби ҳассостарин ва нозуктарин қисмати неругоҳ, ба ибораи техникӣ гӯем — ротор, статор ва гирду атрофи онҳо намерасид. Дар хусуси ин қисмати неругоҳ, яъне қалби он ниҳоят камтарин мутахассисон шояд андеша мекарданд ё шояд хаёле ҳам наменамуданд.
Албатта, бисёр мамнунем, ки дар замони Шӯравӣ дар диёри мо неругоҳҳои хурду бузурги зиёде бунёд карда шуданд ва кишварамон чароғистон гардид. Вале дар баробари ин ба тарбияи мутахассисини соҳаи барқ ба таври

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё