Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
шоиста аҳамият дода намешуд. Соли 1956 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъсис гашта, дар он факултаи энергетикӣ фаъолият дошт. Китобҳои хониши тамоми факултаҳои энергетикии Иттиҳоди Шӯравӣ якрангу ҳамнавъ ва дорои як муҳтаво буданд, вале аз байни муҳандисини соҳаи барқи тоҷик то ҳоло ягон нафар сар боло карда, гуфта наметавонад, ки «ман бо ҳамин дастони худ агрегати фалон неругоҳи навро, яъне дили неругоҳро васлу насб намудаам». Муҳандиси тоҷикро ба ин кор ҳаргиз роҳ намедоданд. Дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-и шӯравӣ муассисаи муҳташами “Спетсгидроэнергомонтаж” мавҷуд буд ва муҳандисини он дар ҳар мулку маконе, ки ҳукумати шӯравӣ неругоҳ месохт, пайдо мешуданд ва чун фурсати ҳассостарини васлу насби агрегат фаро мерасид, онро ҳамин намояндагони “Спетсгидроэнергомонтаж” ба анҷом мерасонданд.
Барои он ки дар ин бобат минбаъд ҳам ҷумҳурии мо дастнигари дигарон нашавад, Хайрулло Сафарзода пешниҳод намуд, ки дар сохтмони Неругоҳи Роғун ҶСК “Тоҷикмахсусгидроэнергомонтаж” таъсис дода шавад.
Ба ин ҷамъият муҳандисони донишманд, соҳибтаҷриба ва фаъол ба кор шомил шудаанд ва мувофиқи зарурат ин мутахассисин ҳам дар ҷумҳурӣ, ҳам дар хориҷа бояд ба таҳсилу таҷрибаомӯзии иловагӣ шуғл биварзанд.
Чи тавре ки маълум аст, васлу насби агрегатҳои 5 ва 6-ро мувофиқи шартнома консорсиуми КД заводи “Электротяжмаш” ва “Днепро СГЭМ” (кишвари Украина) ба фарҷом расонданд. Муҳандисини ҶСК «Тоҷикмахсусгидроэнергомонтаж» ният доранд, ки чор чархаи дигари Неругоҳи Роғунро бо дастони худашон васлу насб намуда, бо амри Худованд гардон бисозанд. Онҳо дар васлу насби ду чархаи аввал дар паҳлуи мутахассисини украинӣ истода, ҳунари нозуки ҳамкасбонро саҳеҳ омӯхтанд. Ҳамчунин якчанд маротиба ба шаҳри Харков сафари хизматӣ намуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё