Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар ин бобат таҷриба андӯхтанд. Ин аст он нишонаи муносибати эҷдкоронаи роҳбари донишманд ва ояндабини соҳаи энергетикаи ҷумҳурии азизамон Хайрулло Сафарзода.

  • Сардори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон индустрикунонии саросари мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудаанд, - мегӯяд Хайрулло Сафарзода, - ин хирадмандии бузург ва меҳанпарастии ҳақиқии Пешвои муаззами миллати моро нишон медиҳад. Он рӯз дур нест, ки ба шарофати ин ҳадафи муҳими стратегӣ мо дар корхонаҳои саноатию индустриявии кишварамон агрегатҳо офарида, онҳоро муҳандисони худамон бо дастони эҷозофарини хеш моҳирона васлу насб менамоянд...

Санаи 16.11.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро соати 16:32 дақиқа ба истифода доданд.

9 сентябри соли 2019 бо дастони мубораки Пешвои муаззами миллат агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми неругоҳ таъкид доштанд, ки “ба кор андохтани чархаи дуюми неругоҳ боз як қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад”.

Ду саҳифаи зарҳалини таърихи навини Тоҷикистони азиз ба ҳамин ранг эҷод гардид.

Модари мушфиқ ба фарзанди азиз дуои ризомандии худро ироа намуда, боз бо чеҳраи ҷиддӣ таъкид карданд, ки чор чархаи дигари неругоҳро низ ба ҳамин намуду сифат ба қудрати илоҳӣ гардон созад...

...Вахшрӯди муқаддаси диёри покниҳоди тоҷикон мувофиқи маслаки худ бад-ин минвол бо маҷрои тавоно ва

пешина
аз 216
навбатӣ