Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
мехонам, ки ин ғазалҳо ҳафтбайтӣ ҳастанд. Бояд қайд намоям, ки ҳозирин ҳар як байти ғазалҳои маро бо кафкӯбиҳои самимиӣ истиқбол менамуданд.
Яке аз ҳафт ғазалҳоям ин аст:
Меҳри шеъру шоирӣ дар синаи мо ҷо шавад,
Шеъри мо ҳам кош, мисли шеъри Мавлоно шавад.
Аз парешонӣ чӣ ҳосил, аз пушаймонӣ чӣ суд?
Мӯлиёну оби Рукнобод як дарё шавад.
Бӯйи дӯзах дорад он ҷо, ки надонад бӯйи шеър,
Ҳар куҷо шеър аст он ҷо ҷаннатулмаъво шавад.
Ҳар кӣ донад қадри шоир қадри ӯ донад Худо,
Ҳар кӣ қадри шеър донад, қадрдони мо шавад.
Шеър ҳам дорад намақ, моро маранҷон, эй амак!
Ҳар кӣ қадри мо надонад оқибат расво шавад.
Аблаҳонро гир, эй хоку бузургонро бидеҳ,
Қадри шоир, қадри дин, қадри сухан боло шавад.
Оҳ, Ҳайрандеш имшаб кош, дар базми ғазал,
Рӯдакӣ бо чангу ӯду барбаташ пайдо шавад.
Дар он маҳфил мудири шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳалимов низ бо думбра бисёр таронаҳо хонда, ба дилҳои ҳозирин сурур бахшид.
Зимнан бояд ёдовар шавам, ки ман дар он маҳфил роҷеъ ба бародари ҳамкаламам, шоири соҳибистеъдод Ширин Бунёд ҳикоят карда, шеърашро қироат намудам. Ва мувофиқи хоҳиши ӯ нусхаи асли он шеърро ба ҳукуматдорони шаҳри Баҳорак супурдам.
Ҳангоми гусел мизбонон порае аз санги лоҷувардро, ки аз кӯҳи деҳаи Ҳазрати Саҷид гирифта шудааст, ба ҳар яки мо барои хотира тақдим намуданд.
Субҳгоҳон мазори ҳакими бузургворро бори дигар зиёрат карда, сипас ба роҳи бозгашт баромадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё