Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Даромадгоҳи ин ғор мисли даҳони танӯр танг бошад ҳам, дарунаш фарох будааст. Ва Ҳазрати Саъид тавассути он ғор роҳӣ шуда, аз лаби дарёи Кучка мебаромадаанд.

Деҳаи Ҳазрати Саъид дар доманакӯҳ воқеъ гашта, бисёр дилнишин ва фараҳфизой буд.

Моро ба зиёрати оромгоҳи ҳакими бузургвор ҳидоят намуданд, маркади поки адиб дар утоқи дарун воқеъ гардида, болои онро бо матои сабз пӯшида буданд. Дар деворҳои оромгоҳ сураҳои Қуръони карим сабт ёфта, ба дил сафою сурур мебахшиданд. Дар берун, назди оромгоҳ чинорони кадфарозӣ доштанд, ки онҳо ҳафт адад буданд.

Рӯзи дигар маҳфили гиромидошти алломаи бузургвор ва укоби кӯҳнишини хирад баргузор шуд. Дар саҳни оромгоҳ мо ва ҳамроҳонамон – шоирону олимони Афғонистон буданд, дар атроф мардони деҳоти Юмғондара ва дар андак дуртар занон ҳам дар ин маҳфил ширкат доштанд. Дар самти болотар масҷиде воқеъ буд ва сокинони рустои Ҳазрати Саъид ба мо бо дарду алам ҳикоят карданд, ки солҳои дохил гардидани артиши шӯравӣ ба хоки Афғонистон боре чархболҳои ин кишвар ба болои масҷид бомбаҳо афканда, якбора бисту ду нафар намозгузоронро ба ҳалокат расондаанд. Ин воқеа дар дили ҳар як фарди Юмғондара осори гароне гузошта буд...

Дар маҳфили гиромидошти Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ олимони Афғонистон аз рисолаҳо ва китобҳои илмии худ, ки ба осори суханвари бузург бахшида буданд, пораҳо қироат намуданд. Сипас шоирони маҳаллӣ шеърҳои худро хонданд, ки ин шеърҳо хеле пурмуҳтаво ва таъсирбахш буданд.

Чун навбат ба ман расид, нахуст дар хусуси ҳафт чинори оромгоҳи мутафаккири бузург, ҳафт табақаи осмон, ҳафтяки муқаддас, ҳафт боғи биҳишт ва ҳафт ахтари тоҷикон шеъре гуфтам. Баъдан чунин қайд кардам: азбаски ман ба ин рақам эътиқод дорам, аз эҷодиёти худ ҳафт газал

пешина
аз 216
навбатӣ