Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА
САРНАВИШТИ ШОГИРДИ Ӯ

Маҷмӯаи очеркҳои Саломиддин Мирзораҳмат аз таърихи пургановати халқамон, ҳаёти рангину пурмағз ва иддае пурфоҷиаи фарзандони барӯманд ва фарзонаи миллат ҳикоят менамояд. Бародари арҷманду гиромиқадр ва ҳамқалами соҳибистеъдоду ҷӯяндаи мо Саломиддин Мирзораҳмат ин очеркҳоро бо эҳсосу эҳтироси баланд, бо ҳарорати дил нигоштааст. Биноан хонандаи соҳибдил дар сари ҳар сатри ин навиштаҳо андеша меронад, ғам мехӯрад ва ҳатто сиришки дида мефишонад...

Саломиддин Мирзораҳмат факултети филологияи русии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо бо дипломи аъло хатм намуда, чанде дар ҳамин донишгоҳ муаллимӣ кард. Сипас касби рӯзноманигориро писандида, дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» хизмат намуд. Баъдан дар водии Вахш хабарнигори махсуси рӯзномаи ҳизбию давлатии «Коммунист Таджикистана» таъин гардида, хеле пурмаҳсул кор кард.

Вале тӯфони даргириҳои бемаънӣ, ки дар диёри маҳбуби мо ба амал омад, фаъолияти оромонаи аксариятро қатъ намуд, бисёриҳоро ба чор тарафи олам паҳну парешон кард.

Дӯсти азизи мо Саломиддин низ бо аҳли аёлу атфол ба муҳоҷират рафтагор гашта, муддатҳо аз ӯ хабаре нашунидем. Бо ҳамин соле чанд ҳам сипарӣ гардид...

Хушбахтона, як рӯз қомати болои ҷавонмардонаи Саломиддинро дар шаҳри азизамон Душанбе дида, ниҳоят хурсанду мамнун шудем. Пас аз оғӯшкашиҳо, аҳволпурсию монданабошиҳо ӯ китоби нахустини очеркҳои худро тақдим намуд. Унвони ин китоби Саломиддин Мирзораҳмат «Қаҳрамонони ҳақиқӣ ва такаллубӣ» буд ва онро бо завқ мутолиа намудем. Ташаккур гуфтем ба дӯсти арҷманд, ки дар шароити начандон созгор ҳам шуғли қаламро пеш бурда, чунин китоби пурмаҳтавое эҷод кардааст...

пешина
аз 216
навбатӣ