Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Дар китоби навбатии Саломиддин Мирзораҳмат, ки ҳоло дар дасти мост, очерки аввалин ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст ва он «Хати маши Ғафуров» ном дорад. Бояд зикр намуд, ки Саломиддин маводи фаровоне ҷамъ оварда, симои тобноки аллома Бобоҷон Ғафуровро офаридааст.

Аз мутолиаи ин очерк воқиф мешавем, ки роҳбари ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар синни ҳабдаҳсолагӣ корманди кумитаи комсомоли ноҳияи Хуҷанд буда, кори созмони ҷавононро бо фаъолияти рӯзноманигорӣ тавъам пеш мебурдааст. Бобоҷон аз овони ҷавонӣ баробари забони модарии худ – тоҷикӣ забони ӯзбекиро низ хуб медонистааст. Ва ба рӯзномаҳои ҳамонвақтаи «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Ӯзбекистони сурх» хабару мақолаҳо менавиштааст ва ин навиштаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои зикргашта пайваста чоп мешудаанд. Ин роҳи фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ба ташаккули шахсияти вай мусоидат намудааст. Рӯзноманигорӣ барои аллома Бобоҷон Ғафуров ҳам мактаб буд, ҳам роҳи мубориза барои ҳаёти нав. Ӯ мақолаҳои танқидии худро бо имзои мустаори «Камбағал деҳқон» чоп менамуд. Ба мақолаҳои ба забони ӯзбекӣ навиштаи Бобоҷони ҷавон шоир ва публисисти машҳури халқи ӯзбек Ғафур Ғулом баҳои баланд додааст. Ҳамон солҳо Ғафур Ғулом дар рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» фаъолият доштааст. Баъдтар шиносоии онҳо ба дӯстии абадӣ бадал мегардад ва ин дӯстию бародарии ду шахси номвар ба таҳкими муносибатҳои ду ҷумҳурии ба ҳам дӯст ва бародар такон мебахшад.

Бобоҷон Ғафуров дар мактаби ибтидоии зодгоҳаш деҳаи Исфисор таҳсил намуда, сипас дар мактаб-интернати Қистакӯз мехонад ва баъдан илмомӯзиро дар мактаби миёнаи навбунёди Хуҷанд, ки он вақт аз ҷумлаи таълимгоҳҳои беҳтарини шимоли Тоҷикистон маҳсуб меёфт, идома медиҳад.

Солҳои минбаъда аллома Ғафуров давраҳои аввали фаъолияти худро ёдоварию намуда, зикр кардааст, ки бар

пешина
аз 216
навбатӣ