Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

иловаи таҳсилот рӯзноманигорӣ худ ҳамчун таълимгоҳи ҳақиқӣ ба шумори мерафтааст, ки ӯро барои сиёсатмадор, олим ва арбоби ҷамъиятӣ шудан ҳидоят намудааст.

Устоди аввалин ва доимии Бобоҷон Ғафуров модари мушфиқи ӯ — шоира Розия Озод будааст. Ин модари бузург дар муҳити оила рӯҳи адабиёти форсӣ-тоҷикиро барқарор намуда, ба писари доништӯст ва маърифатпарвараш асарҳои бузургони халқамонро сабак додааст. Ва ба ҳамин васила дар дили фарзанди азизаш чароғи меҳру муҳаббат ба адабиёт ва таърихи халқамонро фурӯзон намудааст, ки минбаъд он ба машъали бузурге табдил ёфтааст, дар очерки худ чунин тасвир менамояд Саломиддин Мирзораҳмат.

Сипас Бобоҷон Ғафуров, ки корманди фаъоли комсомол ва рӯзноманигори дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машҳур гардида буд, соли 1929 ба шаҳри Самарқанд, ба таҳсили курсҳои олии яксолаи ҳуқуқшиносӣ фиристода мешавад. Баъд аз хатми ин курсҳо (дар ин вақт 21-сола буд) ӯро мудири шӯъба ва ҷонишини муовини сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии ӯзбекии «Қизил Тоҷикистон» таъин менамоянд.

Дар он солҳо навгонӣ ва дигаргуниҳои кишвари шӯроҳо бо суръати шадид рух медоданд ва фарзандони содиқу сарсупурдаи он низ барқвор пеш мерафтанд.

Ҳамагӣ баъд аз як сол Бобоҷон Ғафуров ба Институти коммунистии рӯзноманигории шаҳри Маскав дохил мешавад. Ин донишгоҳ ба Ғафуров ниҳоят мақбул ва писанд омада буд, зеро дар он на танҳо назарияи рӯзноманигорӣ, балки улуми фалсафа, иқтисод, таърих, адабиёт, забонҳои хориҷӣ меомӯхтанд. Ба шарофати ин пас аз чаҳор сол (с. 1935) Бобоҷон Ғафуров соҳиби дониши амиқу ҳаматарафа гардида, ба Тоҷикистони азиз баргаштааст. Инчунин ӯ дар Маскав ба узвияти ҳизби коммунист шарафманд мешавад, ки ин ба болоравии мартабаю мансаби Бобоҷон Ғафуров мусоидат менамояд. Дастпарвари донишгоҳи олии Маскав Бобоҷон Ғафуров сармуҳаррири ҳамон рӯзномаи

пешина
аз 216
навбатӣ