Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
«Қизил Тоҷикистон» тасдиқ мешавад, тавре ки маълум аст, он нашрияи КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳисоб мешуд.
Пас аз як сол Ғафуров дар вазифаи мудири шӯъбаи КМ ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ хизмат менамояд. Бояд қайд кард, ки аз ҳамин давра фаъолияти серпаҳлуи ҳизбӣ, илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии вай оғоз меёбад. Ӯ корманди масъули дастгоҳи КМ буда, баробари ин дар институтҳои кишоварзӣ ва омӯзгорӣ аз иқтисоди сиёсӣ ба донишҷӯён сабақ медиҳад. Ҳамчунин дар пойтахти ҷумҳурӣ курсҳои шашмоҳаи муҳаррирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ ташкил мешаванд ва аз Ғафуров хоҳиш менамоянд, ки дар ин курсҳо низ аз назарияи рӯзноманигорӣ дарс диҳад.
Боз баъд аз як сол дар назди КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон мактаби дусолаи рӯзноманигорон барои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ ташкил мегардад. Ғафуров бо вуҷуди серкории худ дар КМ ва машғул буданаш бо фаъолияти илмӣ доир ба таърихи халқи тоҷик дар ин мактаб низ аз назарияи рӯзноманигорӣ таълим медиҳад.
Соли 1938 фиристодаи Маскав Дмитрий Протопопов котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳукумати Шӯравӣ Протопоповро бо ҳадафи масъуле равон карда буд, то дар байни нухбагони сиёсии тоҷик ба вазифаи котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзади сазоворро муайян намояд. (Бояд тазаккур дод, ки ӯ ин вазифаи худро бошарафона анҷом дода, барои дар арсаи сиёсат зуҳур намудани на танҳо аллома Ғафуров, балки сиёсатмадорон Ҷаббор Расулов, Турсун Ӯлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Назаршо Додхудоев мусоидат намуд. Пас аз Ғафуров соли 1956 ба ҷумҳурӣ Турсун Ӯлҷабоев, сипас Ҷаббор Расулов роҳбар шуданд).
Соли 1939 Ғафуров рисолаи номзади илми таърихро ҳимоя намуд, ҳамчунин ӯ мудири шӯъбаи кумитаи марказӣ интихоб гардид ва тавъам ба ин мудири шӯъбаи таърихи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт таъин шуд. Илова бар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё