Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

ин вазифаҳо вай омӯзгори мактаби рӯзноманигорӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Коркуни партиявӣ» — нашрияи КМ ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ муваззаф гашт (Чунин вазифаҳои иловагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба тӯли ҳаёташ хеле бисёр буданд). Ба замми ин дар матбуоти ҷумҳурӣ ва марказӣ мақолаҳои публитсистии ӯ ба забони тоҷикӣ ва русӣ пайваста дарҷ мегардиданд.

Аз рӯзҳои аввали кори якҷояи Протопопов ва Ғафуров якдигарфаҳмӣ ба амал омад ва ба ҳамин асос дар байни онҳо муносибати боэътимод ҳукмфармо шуд. Протопопов тамоми ташаббусҳои Ғафуровро оид ба тараққиёти иқтисодиёт, илм, фарҳанг, маорифи халқ дастгирӣ менамуд. Ба ҳамин минвол Ғафуров бо тавсияи Протопопов котиби КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир ба таблиғ ва тарғиб (ин дам ӯ 31-сола буд), пас аз се сол котиби дуюми КМ интихоб мешавад.

Ҳашт соли фаъолияти якҷояи Протопопов ва Ғафуров (солҳои 1938-1946) ояндаи Тоҷикистони шӯравиро қаблан муайян намуданд. Шахси Якум ҳамеша саъй дошт, ки роҳбарони Кремл шахси Дуюмро аз ҷиҳати хубӣ шиносанду донанд. Хосатан ӯ кӯшиш мекард, ки Ғафуровро бо Сталин аз наздик шинос намояд. Хушбахтона, ба ин муваффақ шуд ва доҳии шӯравӣ садоқату маърифат ва маҳорати роҳбарии Ғафуровро эътироф намуд ва дар муроҷиат ӯро мувофиқи таомули ҳизбӣ «рафиқ Ғафуров» нагуфта, балки одиякак «Бобо» ном мебурд. Ин чунин маъно дошт, ки Сталин ба Ғафуров эътимод дорад ва ӯро ҳамчун роҳбари обрӯманди ҳизбӣ дар Тоҷикистон кадр менамояд.

Ҳамин тавр муаллифи нуктасанҷ Саломиддин Мирзо-раҳмат дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров зарра-зарра мавод ҷамъ оварда, симои бузургворонаи ӯро боварибахш ва хотирмон тасвир менамояд. Мо дар ин саҳифаҳо аллома Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун роҳбари оқилу доно ва дурандеш мебинем, вай ҳақиқатан ҳам яке аз фидоиёни роҳи ободии Тоҷикистони маҳбуб ҳисоб меёбад.

пешина
аз 216
навбатӣ