Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардидани сохтмони Канали Калони Ҳисор ҳамчун саҳифаи дурахшони таърихи ҷумҳурии азизамон мебошад.

Моҳи январи соли 1940 Дмитрий Протопопов ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров барои мулоқот ба Маскав, назди доҳии умумииттифоқ мераванд, то нақшаи сохтмони Канали Калони Ҳисорро тасдиқ намоянд ва ба маблағгузории он иҷозат бигиранд. Дар ин вақт ҷанги зидди финҳо анҷом ёфта буд ва боз ҳам аз фазои сиёсӣ бӯи ҷанг меомад.

Дар қабулгоҳ ёвари доҳӣ Александр Поскребишев таъкид намуд, ки ба иллати беморӣ табъи Сталин андаке хира аст, аз ин рӯ, ба мулоқот ягон рӯзи дигар биёянд. Пас аз каме фикру мулоҳиза намудан Бобоҷон Ғафуров барои мулоқоти Сталин иҷозат мегирад. Бобоҷон Ғафуров дар ин айём котиби КМ оид ба тарғибот буд. Дар мулоқот Сталин бо Ғафуров гарму ҷӯшон дастфишорӣ намуда, вазъи ҷумҳуриро пурсон мешавад. Доҳӣ ҳисоботро бо диққат гӯш карда, сипас чунин мегӯяд: «Бобо, миннатдории маро ба халқи тоҷик расон, ки дар вазъияти душвор бошад ҳам, ба фронт чор вагон либоси гарм ва чил ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои помирӣ фиристодаанд». Ва бо табассум илова менамояд: «Бобо, бубин як ҷӯра ҷӯробро барои худам гирифтам, пойҳоямро гарм нигоҳ медорад! Ташаккур ба халқи тоҷик!» Ғафуров чун мушоҳида менамояд, ки доҳӣ хушҳол аст, бо шӯхӣ мегӯяд: «Иосиф Виссарионович, ҷӯроби помирӣ ба Шумо бисёр зебидааст, Шумо ба тоҷики ҳақиқӣ монанд шудаед». Ва ҳар ду механданд. Сипас Сталин аз Ғафуров пурсон мешавад, ки бо кадом масъала ба назди ӯ омадааст. Ана, дар ҳамин лаҳза Ғафуров дар рӯ ба рӯи доҳӣ ба таври низомӣ рост истода мегӯяд, ки дар Тоҷикистон лоиҳаи Канали Ҳисор таҳия шудааст ва он баъди ба истифода додан дувоздаҳ ҳазор гектарро обёрӣ менамояд. Хоҳишмандем, ки ба маблағгузории ин сохтмон иҷозат диҳед.

Бобоҷон Ғафуров ҷасурона сухан ронда, доҳиро қаноатманд месозад, ки баъди бунёд ёфтани ин канал истехсоли

пешина
аз 216
навбатӣ