Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
пахта, ғалла, пашм, сабзавот ва мева... хеле афзун мегардад.
Сталин ба сохтмони канали Калони Ҳисор иҷозат медиҳад.
Муаллифи очерк даҳ соли роҳбарии Бобоҷон Ғафуровро ба ҷумҳурӣ саҳеҳ тасвир менамояд, ки ҳақиқатан ҳам он як давраи комили ободонӣ мебошад.
Роҳбарии оқилонаи аллома Бобоҷон Ғафуров буд, ки дар замони душворитарини ҷанг хоҷагии халқ аз харобӣ нигоҳ дошта шуда, соҳаҳои фарҳанг ва маориф тадриҷан пеш рафтанд. Роҳбари ғамхори кишвар бо чораҷӯиҳо хосатан тифлони ятимро нигаҳбонӣ кард ва онҳоро дар ятимхонаю интернатҳо парвариш намуд.
Хусусан дар ҳамин замон асарҳои ватандӯстонаи устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар, М. Раҳимӣ ва дигар адибон эҷод гардиданд.
Академик Е.Н. Павловский тадқиқоти худро дар ҳамин давра тавфиқ бахшида, бар зидди бемории хеле паҳншудаи табларза усулҳои муборизаро пайдо намуд.
Ба илми заминшиносӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд ва ба ҳамин ваҷҳ маркази тадқиқотии Вахш ташкил гардид.
Дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишномаи «Суруди ғазаб» ва операи «Тоҳир ва Зуҳро» манзури тамошобинон шуданд, ки пирӯзии беназири санъати тоҷик буд.
Танҳо дар солҳои 1956-1957 дар ҷумҳурӣ 32 адад иншооти саноатӣ ва энергетикӣ фаъолият намуданд, ки ҳамаи инҳо бо ҷаҳду талоши далеронаи аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз гардидаанд.
Хусусан аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари дурандеши ҷумҳурӣ ба сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ бештар аҳамият медод. Маҳз дар солҳои роҳбарии ӯ нерӯгоҳҳои Варзоби Поён, Шаршар, Қайроққум, Сарбанд ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё