Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Чӣ тавре ки ёвари аллома Бобоҷон Ғафуров дар КМ ПК Тоҷикистон нависанда Екатерина Лопатина дар ёддоштҳои худ баён менамояд (ва ин воқеа тобистони соли 1953 ба вуқӯъ омада будааст), Бобоҷон Ғафуров барои иҷрои кадом супорише ӯро ба дафтари кори худ даъват кардааст. Дар ҳамин вақт занги телефони Маскав садо медиҳад ва Ғафуров гӯшакро ба даст мегираду мегӯяд: «Салом, Лаврентий Павлович!» Ин дам мувофиқи расмиёт Лопатина аз ҷояш боло мешавад, то берун бираваду баъди анҷоми гуфтугӯ биёяд, аммо Ғафуров бо даст ишора мекунад, ки вай бишинад. Аз гӯшаки Маскав овози дағалонаи Берия шунида мешавад. Сухан аз он боб меравад, ки оё ҷумҳурӣ нақшаи аз вазифаҳои масъул рондани шахсони яҳудитаборро иҷро кард ё на? Ин масъала бояд ҳатман анҷом биёбад, зеро Ленин ҳам инро дар асарҳояш таъкид намудааст, мегӯяд Берия.
«Ман асарҳои Ленинро бо диққат мутолиа кардаам, вале чунин ишораро надидаам», — ҷавоб медиҳад Бобоҷон Ғафуров.
Аз гӯшаки Маскав боз дашноми хеле гӯшхарош шунида мешавад.
«Ман ба чунин оҳанги гуфтор одат накардаам», — мегӯяд Бобоҷон Ғафуров ва суханронии Берияро фавран қатъ намуда, гӯшакро дар ҷояш мегузорад.
Сипас Бобоҷон Ғафуров мудири шӯъбаи умумии КМ-ро даъват намуда, калиди сейфи худро ба дасти ӯ медиҳад ва чунин таъкид мекунад:
— Ҳардуятон сейфро бо диққат аз назар гузаронда, мақолаю маводи илмии маро ҷудо намоед ва бо мошин ба хонаам фиристед. Ва бо ҳамин худи аллома аз дафтари кор мебарояд.
— Мо ҳамроҳи мудири шӯъбаи умумӣ (ӯ ҳам зани русе буд) то шомгоҳон даруни сейфро тагу рӯ намудем ва мақолаҳою маводи илмии Бобоҷон Ғафуровичро ёфта, ба хонааш равон кардем, — мегӯяд Лопатина ва илова менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё