Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

— Рӯзи дигар дертар ба коргоҳ омада, воқиф гардидем, ки Бобоҷон Ғафуровичро очилан ба Маскав даъват намудаанд. Аввал андешидем, ки эҳтимол ин дасисаи Берия аст, аммо ба бинои КМ дохил шуда, фаҳмидем, ки сурати Лаврентий Павловичро аз сафи аъзои Бюрои Сиёсӣ гирифтаанд. Сипас маълум шуд, ки Лаврентий Павлович Берия ҳамчун ҷосуси давлатҳои империалистӣ ҳабс гардидааст. Аллома Бобоҷон Ғафуровро ба Пленуми таъҷилии КМ ҲКИШ даъват карда будаанд.

Агар даҳ соли роҳбарии аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ҷумҳурӣ ҷамъбаст намоем, дар ин давра Тоҷикистони маҳбуби мо баъд аз ҷанги хонумонсӯз қомати худро хеле баланд афрохт, соҳаҳои маориф, фарҳанг, илм, иқтисод тараққӣ намуданд ва диёри азизамон дар хонадони бузурги шӯравӣ қадамҳои баҳодурона гузошт. Ва аллома Бобоҷон Ғафуров худро ҳамчун роҳбари донишманд, дурандеш ва шӯҳратманду далер нишон дода тавонист, менигорад Саломиддин Мирзораҳмат.

Анҷумани XX КПСС, ки дар Маскав аз 14 то 25 феврали соли 1956 баргузор шуда буд, сарнавишти аллома Бобоҷон Ғафуровро тағйир дод. Роҳбарияти шӯравӣ ӯро ҳамчун олими забардасти мусташрик раиси Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносӣ таъин намуд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамон вақт се пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ фаъолият дошт, ки инҳо пажӯҳишгоҳҳои Иқтисоди ҷаҳон, ШМА ва Канада ва Шарқшиносӣ буданд. Асосҳои сиёсати хориҷии СССР-ро ҳамин муассисаҳои стратегӣ муайян менамуданд. Албатта, роҳбари яке аз ин се муассиса таъин шудани аллома Бобоҷон Ғафуров гувоҳи он аст, ки ҳукумати даврони Шӯравӣ ӯро ба сифати олими донишманди фозил эътироф менамоянд ва ба вай эътимоди зиёд доранд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров беш аз 20 сол роҳбари ин Пажӯҳишгоҳ гардида, ҳамчун олими арсаи ҷаҳонӣ ном баровард, ташкилотчии бузурги илм хонда шуд ва ба сифати арбоби ҷамъиятии миқёси байналхалқӣ эътироф

пешина
аз 216
навбатӣ