Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гардид. Ӯро сафири ғайрирасмии Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба супоришҳои махсус дар мамолики Осиё ва Африқо маҳсуб медонистанд. Бинобар ин ягон қарори давлатии шӯравӣ оид ба Шарқ бидуни тасбити тахассусии Ғафуров қабул намегардид.

Аз очерки нависандаи маъруфи тоҷик Мутеулло Наҷмиддинов дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров огоҳ мешавем, ки фарзанди бузурги халқамон ҳамчун нахустин намояндаи давлати шӯравӣ дар вақтҳои гуногун ба мамолики Арабистони Саудӣ, Австралия, Ироқ сафар намудааст. Дар Ироқ ҳамчунин ба Курдистон ташриф оварда, бо роҳбари курдҳои Ироқ генерал Мустафо Барзанӣ мулоқот менамояд.

Барои миллати тоҷик воқеаи хеле масарратбахш аст, ки маҳз дар ҳамин давраи фаъолияти пурсамараш аллома Бобоҷон Ғафуров китоби тадқиқотии бунёдӣ ва мондагори худ «Тоҷикон»-ро, ки соли 1948 бо маслиҳати Сталин ба навиштан оғоз карда буд, интишор намуд. Ин асари пурмуҳтаво ва пурмазмуни илмӣ аҳамияти умумиҷаҳонӣ дошта, на танҳо таърихи дурахшони халқи бумии Осиёи Миёна — тоҷиконро мувассақ равшан намуд, балки таърихи пайдоиши дигар халқҳои атрофу акнофи ин сарзаминро низ олимона нишон додааст.

Муаллифи очерк рӯзноманигор ва нависандаи соҳибистеъдод Садомиддин Мирзораҳмат дар бораи ҳаёт ва фаъолияти рангини фарзанди алломаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров як китоб мавод ҷамъ оварда, асари муассир ва шоистае эҷод кардааст, ки аз хотираи мутолиин ҳаргиз сутурда намешавад.


Нависанда Садомиддин Мирзораҳмат дар очерки «Музаффарият ва муфоҷоти Ӯлҷабоев» низ бо роҳи ҷустуҷӯ ва таҳқиқи амиқ маводи саҳеҳ андӯхта, сипас онро ба риштаи таҳрир кашидааст. Биноан асари ӯ аз саҳифаҳои

пешина
аз 216
навбатӣ