Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
аввал диққати касро комилан ҷалб намуда, манзараҳои ҳаёти ибратбахш ва дурахшони ин фарзанди бузургвори халқи тоҷикро низ ягон-ягон ба маърази баён меоварад.
Дар он солҳое, ки Турсун Ӯлҷабоев дар мактаб таҳсил менамуду ба камол мерасид, ҷавонон ҳаёти худро бидуни созмони ҷавонон, яъне ташкилоти комсомолӣ тасаввур карда наметавонистанд. Дар навбати дуюм касби муаллимӣ меистод. Агар ҷавонон ҳамин ду зинаи омӯзишӣ ва парвариширо бо тавфиқи хуб сипарӣ намоянд, сипас дар фарҷоми ҷаҳду талош ба мартабаҳои баландтаре расида метавонистанд.
Аз ин рӯ Турсуни ҷавон соли 1932 дар синни шонздаҳсолагӣ пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба таълимгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, худи ҳамон сол барои узвияти созмони ҷавонон ариза менависад, яъне ҳаёти ӯ низ аз оғоз ба ҳаёти аллома Ғафуров шабоҳат дорад.
Писарон ва духтарони он солҳо аксаран ба он ҳадафе узви Иттифоқи коммунистии ҷавонон мешуданд, ки дар амалӣ намудани барномаи сталинии сохтмони сотсиализм дар мамлакати паҳновари шӯравӣ фаъолона ширкат варзанд. Узви комсомоли ленинӣ Турсун Ӯлҷабоев фаъолияти меҳнатии худро дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) ба сифати пешоҳанг ва муаллими синфҳои ибтидоӣ шурӯъ намуда, сипас дар вазифаи котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳия кор кард. Ва аз соли 1937 мудири шӯъбаи ҷавонони мактабҳои кумитаи марказии комсомол ва котиби КМ комсомоли ҷумҳурӣ интихоб гардид.
Чи тавре ки дар боло зикр намудем, моҳи июни соли 1938 коммунисти рустабор Дмитрий Протопопов котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид. Танҳо дар се соли фаъолияти пешазҷангии ӯ (солҳои 1938-1941) ҷумҳурии мо дар роҳи тараққиёти худ ҷаҳиши калоне намуда, ба кишвари индустриалии аграрӣ табдил ёфт. Лекин хизмати аз ҳама бузурги Дмитрий Протопопов дар он аст, ки дар давраи зимомдории ӯ сиёсатмадорон Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Назаршо Додхудоев,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё