Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Абдулахад Қаҳҳоров дар арсаи сиёсат зуҳур намуданд.
Нависандаи дақиқназар Саломиддин Мирзораҳмат бо далелҳои қотеъ менигорад, ки Дмитрий Протопопов ба камолоти роҳбарону мутахассисони ҷавон мушоҳидакорона муносибат дошт ва чун бо кормандони ҷавони болаёқат муаррифӣ пайдо бикунад, бо вуҷуди ҷавонӣ ва нокифоя будани таҷрибаи меҳнатиашон онҳоро ба ҷасорати хосааш ба вазифаҳои баланди давлатӣ пешниҳод менамуд.
Бо Ӯлҷабоев низ ба ҳамин минвол муносибат карда, соли 1941 ӯро аз кори КМ комсомол ба дастгоҳи КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гузаронд. Дар ин вақт Турсун Ӯлҷабоев бисту панҷсола буда, ба тӯли ду сол дар вазифаи мудири сектори органҳои советӣ кор кард ва баъдан ҷонишини мудири шӯъбаи кадрҳо таъин гардид. Ба чунин вазифаи баланди ҳизбӣ таъин гаштани чунин корманди ҷавон, албатта, бо Москва мувофиқа шуда буд ва номи Ӯлҷабоев дар дастгоҳи КМ ВКП(б) шиносо гардид.
Пас аз ду сол дар замони шиддатёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ӯлҷабоеви бисту ҳафтсола котиби якуми КМ комсомоли Тоҷикистон интихоб мешавад. Қобили қайд аст, ки номзадии ӯ ба вазифаи баландтарини комсомоли ҷумҳурӣ шахсан бо Сталин мувофиқа шуда буд. Т. Ӯлҷабоев қабл аз тасдиқ шудан ба ин вазифа бо ихтиёри худ барои ба фронт рафтан ба курсҳои кормандони сиёсӣ номнавис шуда, бо мақсади хондан ба Маскав рафтагор гардид. Дар арафаи хатми ин курсҳо Д.Протопопов ба Сталин муроҷиат менамояд: «Кулли ҷавонони таҳсилкарда ба фронт рафтаанд ва шахсе нест, ки ташкилоти комсомолии ҷумҳуриро роҳбар шавад. Дар курсҳои кормандони сиёсӣ Турсун Ӯлҷабоеви ҷавон таҳсил карда истодааст, ки ӯ корманди комсомолӣ ва ҳизбӣ аст. Иҷозат диҳед, ки вай ба ҷумҳурӣ баргардад. Дар ақибгоҳ будани ӯ заруртар аст!»
Д. Протопопов мувофиқи одати худ номи Улҷабоевро махсус ба Сталин гӯшрас кардааст ва бо ҳамин ишора менамояд, ки сухан дар бораи қадри ояндадор меравад.
Чӣ тавре ки маълум аст, дар бораи хотираи қавии Сталин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё