Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуд буда, доҳии бузурги халқҳо одатан ному насаби садҳо кормандони ҷавони ҳизбӣ, комсомолӣ, раисони корхонаҳои хурду калон, олимон, арбобони санъат ва ғайраро на танҳо Марказ, балки гӯшаю канорҳои дурдасти Иттиҳоди Шӯравиро низ дар ёд нигоҳ медоштааст. Аз ин ваҷҳ эҳтимол дорад, ки ному насаби мубораки Ӯлҷабоев ҳам дар хотирааш нақш бастааст.

Моҳи апрели соли 1946 Дмитрий Протопопов аз тарафи муфаттишони НКВД-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар дафтари кори худ ба ҳабс гирифта шуда, ба Маскав интиқол меёбад. Ин роҳбари рустабор дар Тоҷикистон хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, дар муддати кӯтоҳ ҷумҳуриро ба роҳи тараққиёт раҳнамунӣ кардааст ва шогирдони асиле тарбият намудааст. Ӯ то соли 1986 дар Маскав зинда будааст ва хуб мебуд, ки дар диёри мо ба номи ин марди накӯкор ягон лавҳаи ёдгоре гузошта мешуд.

Тавре ки муаллиф тасвир менамояд, Турсун Ӯлҷабоев роҳбари комсомоли ҷумҳурӣ гардида, дар саросари кишвар сафар мекард ва аз гӯшаю канори кишвари маҳбуб ҳамкорони оянда - дӯстони зиёдеро пайдо менамуд, ки онҳо ба ӯ содиқ монданд.

Соли 1947 Турсун Ӯлҷабоев бо тавсияи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Мактаби Олии ҳизбии КМ ВКП (б) роҳӣ гардид.

Пас аз хатми он (соли 1950) ӯ баъди Б. Ғафуров аз ҷиҳати дорои маърифати сиёсӣ шахси дуюм ҳисоб мешуд, - менависад Саломиддин Мирзораҳмат.

Ҳар касе ки ба шарҳи ҳоли Турсун Ӯлҷабоев дақиқан муоина намояд, як афзалияти маънавии ин шахсияти арзандаи ҷумҳуриро мушоҳида мекунад. Аз оғози таҳсилу фаъолият ӯ ҳамеша дар сафи аввал қарор доштааст, ки ин танҳо ба шарофати фитрату асолати вай муяссар мегардад. Ҳангоми таҳсил дар таълимгоҳи омӯзгории миёна миёни шарикдарсон ҳамчун котиби аввали созмони ҷавонон хонда шуд. Сипас котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен), котиби якуми КМ комсомоли ҷумҳурӣ,

пешина
аз 216
навбатӣ