Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

котибони якуми кумитаи ҳизбии вилоятҳои Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ва Ленинобод (ҳоло Суғд) баъд аз таҳсил дар Мактаби Олии КМ ВКП(б) буд. Фақат дар ду давра яке аз котибони кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод (ҳоло Душанбе) ва КМ ПК Тоҷикистон соли 1954 будааст.

Мувофиқи сарнавишт дар бисёр ҳолатҳо Турсун Ӯлҷабоев дар ҷумҳурӣ шахси аввал буда, одамони арзанда, соҳибмаълумот, обрӯмандро муттаҳид намуда, онҳоро ҳамроҳи худ ба пеш роҳнамоӣ кардааст.

Як нуктаро бояд ёдрас шуд, ки тибқи навиштаҳои духтари калонии Турсун Ӯлҷабоев – Рассоми халқии Тоҷикистон Мавҷуда Турсуновна падараш дар хона доимо бо худомӯзӣ машғул гардида, китобҳои гуногунро дақиқан меомӯхтааст. Ӯ ҳангоми таҳсил дар Мактаби Олии ҳизбӣ низ вақтҳои холии худро дар Китобхонаи давлатии ба номи Ленин бо мутолиа ва омӯзиш мегузарондааст. Бинобар ин нисбат ба дигар ҳамсафони Бобоҷон Ғафуров ӯ бештар соҳибмаърифат буда, аз ин лиҳоз ба аллома наздиктар будааст.

Соли 1955 Т. Ӯлҷабоев Раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ таъин мешавад. Дар ин вазифа ӯ Ҷаббор Расуловро иваз менамояд, ки вай ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуда буд.

Ҳамон навъе ки муаллифи очерк Саломиддин Мирзораҳмат воқеъбинона тасвир менамояд, Турсун Ӯлҷабоев бо хати маши устодаш аллома Бобоҷон Ғафуров пайсипарӣ карда, дар мадди аввал ободию пешравии иқтисодии диёри азизро мегузорад.

Моҳи апрели соли 1956 пас аз Пленуми навбатии КМ КПСС Бобоҷон Ғафуров ҳамсафонаш Турсун Ӯлҷабоев ва Назаршо Додхудоевро ба назди худ даъват менамояд. «Ман дар қабули Никита Хрушёв будам, – мегӯяд Ғафуров, – ӯ ба ман пешниҳод намуд, ки Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро роҳбарӣ кунам. Ман розӣ шудам. Ба вазифаи худ Ӯлҷабоевро тавсия намудам...»

пешина
аз 216
навбатӣ