Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
10 майи соли 1956 дар Пленуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев котиби якум, Петр Степанович Обносов котиби дуюм интихоб мешаванд.
Пас аз чанде Назаршо Додхудоев Раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ, Абдулаҳад Қаҳҳоров муовини аввали ӯ ва раиси плангирии давлатӣ таъин мешавад. Мирзо Раҳматов Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ интихоб мегардад.
Маҳз бо кӯшишҳо ва ҷаҳду ҷадали котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии Норак тасдиқ гардид, ки ин бузургтарин иншооте буда, симои ҷумҳурии моро ба куллӣ тағйир дод.
Минбаъд бо насосҳои барқи обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи водиҳои Вахшу Бешканд, Ёвону Обикиик ва минтақаҳои самти шимоли Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.
Обанборҳои Қайроққум ва Мӯъминобод бунёд гардида, обёрии ҳазорон гектар замини ноҳияҳои Хуҷанду Конибодом ва водии Кӯлоб имконпазир шуд, сохтмони Неругоҳи барқи обии Сарбанд оғоз ёфт.
Заводҳои электрохимиёвии Ёвон, Алюминийи тоҷик, нуриҳои азотии Вахш, сементи Душанбе, комбинати маъдани кӯҳии Анзоб, қолини Қайроққум, нассоҷию шоҳибофии Душанбе низ лоиҳаҳои пешниҳодшудаи Турсун Ӯлҷабоев ва ҳамсафони ӯ мебошанд.
Вале ба ӯ имкон надоданд, ки ин лоиҳаҳои худро ба анҷом расонад.
Фаъолияти ҷасоратмандонаи роҳбари фидокори ҷумҳурӣ Турсун Ӯлҷабоев ҳамагӣ панҷ сол идома ёфт ва иддае аз кормандони КМ ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе амалҳои мустақилонаи ӯро написандида, бе ҳеҷ асос гуноҳи изофанависиро ба ӯ бор карданд ва аз вазифа сабукдӯш намуданд.
Лекин ин марди қавирӯҳ шикаста нашуд ва бо ихтиёри
худ ба хоҷагиҳои қафомонда рафта, бо меҳнати оқилона
ва кордонӣ ин хоҷагиҳоро ба сафи пешқадамон овард. Ва
ниҳоят Турсун Ӯлҷабоев бо собиқаи аслиаш ба узвияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё