Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор гардид. Дар давраи зимомдории коммунистӣ ин аз гуноҳ пок шудан ба ҳисоб мерафт, аз гуноҳе, ки ба Турсун Ӯлҷабоев бор карда буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Турсун Ӯлҷабоев сухан ронда, чунин гуфтаанд: «Ҳаёт ва фаъолияти ҳамдиёри бузурги моро омӯхта, онро ҳамчун мисоли маънавии хизмат ба халқ дастраси умум намудан лозим аст.»
Воқеан ҳам кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров, инчунин сиёсатмадори барҷаста Турсун Ӯлҷабоев шоистаи ибрати наслҳои имрӯзаю оянда мебошад.
Нависанда Саломиддин Мирзораҳмат дар бораи ин фарзандони фарзона асарҳои шоистае эҷод кардааст, ки ба хонанда макбулу писанд омада, маърифати хубе эҳдо менамояд. Очеркҳои дигари ӯ, ки ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсатмадорон Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиев, Нусратулло Маҳсум, олими файласуф Нодир Одилов, шоири тавоно Лоиқ Шералӣ, роҳбари содиқи хоҷагӣ Азиз Холов, ҳунарпешаи мумтоз Зафар Нозимов, соҳибкори муваффақи тоҷик дар Қазоқистон Толиб Санақулов бахшида шудаанд, низ асарҳои дилчаспу дилнишин ҳастанд. Муаллиф ин очеркҳоро ҳам бо маҳорати баланд эҷод кардааст. Мо мутолиаи кулли ин очеркҳои шавқангез ва завқпарвари нависандаро ба хонандагони закитабъ ҳавола менамоем.
ВОСИФИ САРЗАМИНИ БАРӮМАНД ВА ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Нависандаи маъруф ва машҳур Мутеулло Наҷмиддинов дар аввали солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба майдони адабиёти навини тоҷик қадам ниҳодааст. Ӯ пас аз хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё