Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Тоҷикистон барои кор ба даргоҳи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») меояд. Лекин қабл аз таҳсили донишгоҳ адиб дар мактаби ҳаёт сабак омӯхта буд: солҳои сиюм бадарға гардидани падари мударрисашро худ бидид ва он кас дигар аз он табъиди ноҳақ барнагаштанд. (Сонитар устод ин воқеаи ғамангез ва хеле гарони рӯзгори худро дар ҳикояти басо муАССИРИ «Ҳадиси падар» тасвир намудааст).
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нависандаи оянда дар синни понздаҳсолагӣ дар сохтмони неругоҳи Фарҳод заҳмат кашид ва пас аз чанде ӯро ҳамчун шахси кордӯст ва одил сарвари бригараи чӯйкобон таъйин карданд. Ду соли заҳмати вазнин сипарӣ гардиду вайро бо як ифтихорнома аз майдони сохтмон рухсат доданд ва ӯ ба кори омӯзгорӣ шуғл варзид. Сипас чанд муддат мудири қисми илмии мактаби ҳафтсолаи деҳа будааст. (Даврони кораш дар неругоҳи Фарҳод қисман дар повестҳои «Бозгашт» ва «Пайраҳои шинос» инъикос ёфтаанд...)
Ӯ дар як вақт бо устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба навиштани очеркҳои бадеӣ шурӯъ намуда, беҳтарин намунаҳои онро нигошт ва ин жанри ба истилоҳ ҷанговари адабиётамонро ба пояи баланд бардошт ва устувор гардонд. Аҳли адаб эътироф ҳам карданд, ки дар очеркнависӣ ӯ мактаби худро таъсис додааст. Ва дар ин мактаб як гурӯҳи калони адибони очеркнавис тарбият ёфтаанд. Ҳушбахтона, фаъолияти ин мактаби адабӣ ҳоло ҳам бардавом аст. Ва ин ҷиҳати фаъолияти адабии ӯ аз ҷониби мунакқидон ва адабиётшиносон баҳои баланд гирифт. Ҳусусан, устодон М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ арзишҳои баланди фарҳангии асарҳои М. Наҷмиддиновро зикр намудаанд. Масалан, устод Ҷ. Икромӣ дар сарсухани маҷмӯаи аввалини очеркҳои адиб «Одамони сарбаланд» навишта буд: «Асарҳои Мутулло Наҷмиддинов дорои ғояи баланд буда, аз ҷиҳати санъати нигорандагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё