Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

пуртаъсиранд. Ҳангоме ки очерки адибро дар бораи деҳқони полезкор мехондам, аз он бӯйи хуши хандалак меомад...».

Азбаски ӯ маводи асарҳои худро дар сайру сафарҳои хизматиаш аз ҳаёти мардуми заҳматкаш интихобан мегирифт, ягон гӯшаю канори ҷумҳуриамон нест, ки ин нависандаи пуркори ба ҷустуҷӯи қаҳрамонони адабии худ ба он ҷо нарафта бошад. Маҷмӯаҳои ӯ «Қадри замин ба одам», «Раззоқи олам», «Одамони замини барӯманд» аз беҳтарин таълифоти эшонанд. Очеркҳои устодро аз саҳифаҳои рангини таърихи адабии ҳаёту заҳматкашони деҳот, оинай зисту зиндагонии соҳибони замону замин ҳисобидан равост. Бесабаб нест, ки устод зиёда аз бист сол вазифаи раисии Бахши публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст.

Мавзӯи асарҳои ҳаҷман хурдаш - «Шаби чӯпони куҳансол», «Подоши мукофот», «Саркор писар дорад», «Обу ободонӣ» ва ғайра аз ҳаёти воқеии халқи заҳматкаш буд ва ин хусусият минбаъд бо тасвирҳои пурвусъат ва таҳқиқҳои фалсафию иҷтимоии ҳаёт дар асарҳои калонҳаҷми адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», повестҳои «Ширмоҳ», «Пайраҳаи шинос», «Бозгашт» аз таҳқиқи адабии мавзӯъҳои муҳим иборат буда, муаллиф тимсоли қаҳрамонони ҷасур, боадлу инсоф, бунёдгар, покниҳод, ҳақиқатпараст, асоратнописанд, муборизони кори хайрро офаридааст.

Нашриёти «Советский писатель»-и шаҳри Маскав заруррат ва аҳамияти мавзӯъҳои романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», повестҳои «Ширмоҳ» ва «Пайраҳаи шинос»-ро, ки солҳои ҳафтоди қарни гузашта ба тоҷикӣ ва русӣ дар ҷумҳурӣ интишор шуда буданд, дарк намуда, онҳоро соли 1989 таҳти унвони «Река ищет русло» дастраси хонандагони сершумор гардонд.

пешина
аз 216
навбатӣ