Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Мавзӯъҳое, ки устод Мутуулло Наҷмиддинов ба силки тасвир кашидааст, рангу бӯйи адабии хешро аз даст надодаанд. Имрӯз ҳам мо ин асарҳоро хонда, ба пуррагӣ чунин як фикру ақидаи пурҳикмати нависандаро аз байни воқеаҳои тасвиркардааш пай бурда метавонем, ки ӯ ҳанӯз дар ҳамон вақт моро ҳушдор медодааст, ки аз бодхӯрии (эрозияи) замин, амрози табиату ҳайвонот ва инқирози маънавиёт барҳазар бошем. Зеро ин омилҳо ба ҷомеа зарари маънавӣ низ хоҳанд расонд.

Вақте мо романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-ро мутолиа менамоем, дар симои роҳбари хоҷагӣ Бободӯстов тимсоли беадолатӣ, худсарӣ, дараҷаи олии бюрократӣ ва шуҳратпарастиро мебинем. Муаллиф ба воситаи нишон додани ҳамин симои манфур бар зидди хислатҳои зишти ӯ набарди шадид эълон кард. Он солҳо чунин шахсон дар ҳаёт зиёд дучор меомаданд, ки аз мансабу мавқеи худ сӯиистифода менамуданд. Дар солҳои шастум, ки ин асар эҷод гардидааст, ягон кас ҷуръат намуда, ин тоифаро танқид карда наметавонист. Зеро вакили парлумон, соҳиби унвони қаҳрамони меҳнат ва дигар нишонҳо буд. Чунин шахсиятҳои ҷомеа бо таъсиру аломати давраҳои шахспарастӣ зуҳур доштанд.

Қаҳрамони мусбии роман мутахассиси кори худ буда, парвардаи замони нав аст. Аслан қаҳрамони мусбии асар, ки ному насабаш Карима Сангинова аст, офаридаи орзую омоли нависанда мебошад ва ӯ ба муқобили беадолатиҳо ва ҳақнописандиҳои раиси куҳнапараст ба қиём бармехезад. Нависанда ақидаи худро баён медошт, ки деҳқон ва чӯпони одӣ дар назди раис ва роҳбари лаҷомгусехта бандаю ғулом нест. Балки метавонад, ки ҳаққашро талаб намояд ва аз ҳама муҳимаш худро шиносаду фикри дар дил доштаашро ошкор изҳор карда тавонад. Адиб ин ҳадафи худро бо симои Карима нишон медиҳад. Кас ин романро амиқан мутолиа намуда, ба хулосаи қатъие меояд, ки ҳоло

пешина
аз 216
навбатӣ