Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳам он куҳна нашудааст ва дар тарбияи худшиносӣ ва бедории миллӣ солҳо хизмати фарзона хоҳад кард.

Нависандаи хушзавқ М. Наҷмиддинов дар повести «Ширмоҳ» нишон додааст, ки истеъдоди фитрии дар деҳаи дурдасти кӯҳистон пайдогашта ба тамоми миллат дахл дорад ва ягон садде нест, ки пеши роҳи онро бигирад. Ҳарчанд ки соҳиби ин истеъдод бо душвориҳои хеле зиёд ба худ роҳ меёбад ва он мисли чашмаест, ки аз мағзи хоросанг метаровад. Саҳифаҳои повест басо рангин навишта шудаанд ва хонанда ин китобро ҳамчун дигар асарҳои адиб бо завқ мутолиа менамояд.

Силсилаи масъалаю муаммоҳои муҳити зистро мо дар повести «Пайраҳаи шинос» мебинем, ки муаллиф онҳоро моҳирона уқдакушоӣ кардааст.

Устод М. Наҷмиддинов ба шогирдон сабақ медод, ки рӯзноманигор ва нависанда асарашро ҳамеша бояд бо виҷдони пок эҷод намоянд. Дар ин бобат ӯ аз фаъолияти рӯзноманигории худ воқеаеро ҳикоят мекард: боре сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбӣ ба ӯ супориш додааст, ки дар мадҳу ситоиши раиси ордендор очерки калонҳаҷм нависад.

  • Ҳаёти раиси ин хоҷагиро хуб омӯхтам, дар хонааш ду-се рӯз зиндагӣ ҳам кардам, - қисса менамуд устод. - Раис унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дошт, вакили парлумон буд, гӯё ҳамаи корҳояш хубу хоҷагӣ пешқадам ҳисоб меёфт. Аммо ман ботинан дарёфтам, ки дар кору омоли ин раис нопокиҳо ниҳонанд. Бинобар ин, дилам намехост, ки ман дар ситоиши вай очерки калоне нигорам. Агар ҳақиқатро менавиштам, дар идораи рӯзнома қабул намекарданд, зеро дар бораи ин шахс фақат чизи таърифӣ навиштан зарур буд. Аз суҳбати як зан, ки дар ҳамон хоҷагӣ зиндагӣ дошт, гумонҳою тахминҳои ман исбот шуданд. Маълум гашт, ки ҳар субҳ қассоби махсусе дар ҳавлии раис гӯсфандеро забҳ мекардааст, то писари
пешина
аз 216
навбатӣ