Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Роҳбари ҷавон ва донишманду боғайрати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани гуфтаҳояшон мулоқоти зиёдеро анҷом доданд, ба минтақаҳои хатарнок далерона рафтанд, бо Президенти кишвари Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва лашкаркаши машҳур Аҳмадшоҳ Масъуд вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муфид ба ҷо оварданд, ба ҳамватанони муҳоҷир муроҷиатҳо карда, ҳамчун фарзанди як падару модар арзи дил доштанд ва оқибат кӯргиреҳ кушода шуд, дар диёри азизамон оташи ҷанг хомӯш гардид.
Барои ба Ватан баргардондани муҳоҷирини иҷборӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибдарак шуданд ва онҳоро ба ҷойҳои аслиашон оварданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин муҳоҷирини баргаштаро дар истгоҳи қатораи Лӯбиёкори ноҳияи Шаҳритус худашон пешвоз гирифтанд. Ин дараҷаи олии муносибати бузургворона аст.
Муҳоҷирини солҳои бистум, сиюм, чилумро касе пурсуҷӯ накард, ба ибораи ғарибии ҳалқаёрӣ ҳеҷ роҳбари вақти мамлакат соҳибдарак нашуд, онҳо дар ғарибӣю муҳоҷират паҳну парешон монда, таҳти таҳқиру ҷабру зулм нобуд гардиданд.
Дар бобати ба Ватан баргардондани муҳоҷирини иҷбории солҳои навадум аз «Кампи сахӣ», дигар минтақаҳои кишвари Афғонистон ва мамолики ғайр хизматҳои давлатсозӣ, сиёсатмадорӣ, ватандӯстӣ, халқпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд ва танҳо анҷоми ҳамин вазифаи бошарафона ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор аст.
Тамоми тоҷикони дунё ва ҳар як фарди он бояд бидонад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки Падари маънавии Миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамнасабу ҳамдиёриенамонро аз муҳоҷирати иҷборӣ ба Ватан баргардонда, онҳоро аз дарбадарӣ, бечорагӣ, озурдадилию таҳқиру зери по мондан наҷот бахшидаанд.
Ҳақиқатан ҳам ин хизмати Пайғамбаронаи Пешвои муаззами миллат, бузургвор ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё