Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Насриддин соҳиби кор гардид, ӯ дар сафи ду-се нафари дигар посбони анбори шоҳроҳ таъйин шуд, дар ҳақиқат ҳамшаҳриам аз ин ниҳоят мамнун буд.
Рӯзе аз ӯ пурсон шудам, ки аз болои баландии Шерхонбандар ба самти ғарб чиро ин қадар дуру дароз назар менамуд?
- Кӯҳи Хоҷа Ғозини Қубодиёнро, - ҷавоб дод Насриддин. - Агар осмон ва кӯҳу камар ғубор надошта бошад, Хоҷа Ғозин ба чашм нағз намудор мешавад. Дар ғарибӣ кӯҳи зодгоҳро дидан ҳам давлати калон аст. «Ғарибии кӯҳи сахт аст, эй бародар» гуфтани одамони донишманди қадим маънои бузург доштааст. Вақте ки дар деҳаи Гузари Болои Қубодиён зиндагӣ мекардам, бо ҳамроҳии як рафиқам фасли навбаҳорон аспҳоро ба майсаи атрофи чашмаи Пушти Кӯҳ меовардем. Майсаҳои навбаҳорони чашмаи Пушти Кӯҳ аспонро мерасонданд. Сипас дар бузкашӣ ин аспон ҳамеша пештоз буданд. Ёди ҳамон давраҳо ҳеҷ фаромӯш намешавад. Чун ба теппаи Шерхонбандар бароям, он замонҳои биҳиштӣ ҷилвакунон аз пеши назар мегузаранд. Фириб хӯрдем, гумроҳ шудем, ки сар ба ғарибӣ ниҳодем...
Насриддин бо чанде аз ҳамдиёриён дар наздикии Шерхонбандар дар кулбаи хаспӯше сарпаноҳӣ ёфта буд. Одатан деҳқонони қубодиёнӣ дар дашту саҳро ва ё соҳилҳои рӯди Кофарниҳон харбузаю тарбуз кишт кунанд, барои нигоҳубини муваққатии полезашон чунин кулбаи хаспӯш месозанд ва онро «лочуг» меноманд. Кулбаи хаспӯши Насриддин ва дигар ғарибони баргаштабахт ба ҳамон лочуги муваққатии киштзори палаки харбуза шабоҳат дошт...
Оғози солҳои навадум дар осмони диёри ба ҷон баробари мо ахтари наҳс гардиш кард ва як гурӯҳи калони бародарону хоҳаронамон бо тифлон ва падарону модарони солхӯрдаю беморашон муҳоҷирони иҷборӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё