Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
сафари хизматӣ ба Италия дар ҳаёти вай нақши хосае бозида, аз лавҳи дилаш ҳаргиз сутурда нахоҳад шуд.
Савҳҳо ва иштибохоте, ки дар як ҳисоботи Мушовирони консортиуми «Коен эт Беллие» оид ба лоиҳаи бунёди иншооти Роғун рух дода буд, ба ин сафар рабти мустақиме дошт. Ин савҳҳо ва иштибохот эҳтимол бо сабаби набудани маълумоти саҳеҳу дақиқ дар ихтиёри масъулини ин ширкат роҳ ёфта бошанд. Лекин ҳароина санад содир шуда буд ва ҳам акнун мебоист дар ҷояш онро ислоҳ кард.
Аслан консортиуми «Коен эт Беллие» муассисаи давлатии Италия буда, намояндагонаш дар кишвари Фаронса мустақар аст ва он аз се ширкат иборат мебошад. Яке аз ширкатҳои он «Электроконсалт» ном дошта, бо супориши Бонки Умумиҷаҳонӣ дар баҳогузории техникӣ ва иқтисодию экологии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд. Ва ҳаминро низ тазаккур бояд дод, ки «Электроконсалт» дар амри коршиносии лоиҳаи Роғун ширкати холис маҳсуб мегардад.
Ба ҳамин минвол дар дафтари кории Директори генералии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО Роғун Хайрулло Сафарзода ҷаласаи фаврӣ доир гардида, масъалаи сафар ба кишвари Италия баррасӣ шуд. Ба оғози ин сафар ҳамагӣ панҷ рӯз боқӣ монда буд. Лекин қабл аз ҳама бо супориши Хайрулло Сафарзода бояд директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоҳзода ба шаҳри Маскав парвоз намояду дар идораи «Гидропроект» бо директори сиёсати техникии ин муассиса, инчунин сармуҳандиси лоиҳаи Неругоҳи Роғун Валентин Дмитриевич Новоженин, сармуҳандиси лоиҳаи кории Неругоҳи Роғун Руслан Шокиров, саргеологи ҳамин корхона Александр Василевич Количко, директори Маркази тадқиқи гидродинамикии Русия, академик Анатолий Игоревич Савич суҳбатҳои хосаеро анҷом бидиҳад. Ва дар охир бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯзор намуда, масъалаи раводиди академик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё