Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бошад, зеро ҳама кормандони ҶСК «НБО Роғун» ҳастем. Бинобар ин аз хусуси кори ҷамъият бояд пурра бохабар бошед ва ҳамчун кормандони масъул ҳар кадоми шумо дар ҳар ҷо бо сарбаландӣ маълумоти саҳеҳ дода тавонед.

Ин худ як зинаи қолабшиканӣ ҳисоб меёфт. Ваҳдату муттаҳидии афкори сардорони раёсатҳо, бохабар будан аз кори ҳамдигар ва ғанӣ гардонидани маълумоти онҳо.

Ҷамъият шаш раёсати калонро муттаҳид менамояд. Вақте ки одам аз ҳудуди кори худаш убур карда, бар иловаи фаъолияташ бо маърифат, кору бор, мушкилоту муаммоҳои панҷ раёсати дигар ошно мегардад, албатта, маърифаташ беихтиёр баланд мешавад. Ҷаҳонбиниаш ҳам фарох гашта, масъулияташ нисбати кори ҷамъият афзунтар хоҳад шуд.

Ва боз қолабшикании дигари Хайрулло Амиралӣ дар он аст, ки рӯзҳои аввал чун санадҳоро мутолиа намуд, аз тобеин талаб кард, ки тамоми муомилоту муросилоти таҳрирӣ, гуфтугузори шифоҳӣ байни ҳамзабонон бояд ҳатман ба забони тоҷикӣ сурат бигирад. Агарчи мо, кормандони фаннию техникӣ ҳастем, барои Роғун аз кулли муқаддасот афзалтари муҳимтар забони ноби тоҷикӣ мебошад. Ман ягон гузориш ва иттилоотро ба забони русӣ ва ба забони дигар қабул намекунам. Албатта, ба истиснои он номаҳое, ки мо ба ширкатҳои русӣ менависем ва ё асноду номаҳое, ки аз он идораҳо меоянд. Ин навгонии дуюм маҳсуб меёфт. Навгонии сеюм иттилооти фақат ҳақиқӣ роҷеъ ба корҳои иҷрошуда. Навгонии чаҳорум, гӯш карда тавонистани аҳли кор аз тарафи роҳбар ва баъди шунидану тааммул сохтан қарори саҳеҳ қабул намудан аст.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Хайрулло Амиралӣ марди шуҷоатманд аст. Ин хислати сиришти ӯ дар масъалаи пайдо намудани асбоби нозуксанчу нодири «Геокон» ё «Экстензометр» ба атрофиён комилан возеҳ гардид. Барои дастрасии ин асбоби ба сохтмон ниҳоят

пешина
аз 216
навбатӣ