Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
зарур, иддае аз масъулин се сол даводав намуданд. Вале кӯргирехи масъала кушода нашуду ягон идораи ваъдакарда русуми вафодорӣ ба ҷо наовард.
- Мо бо усули куҳна чӣ тавр мониторинг мебарем, - арз дошт сардори раёсат Нурулло Абдуллоев дар ҳузури роҳбари аввали неругоҳ, - комиссияи тендерӣ ҳам инро иҷро карда натавонист. Ин масъалаи мубрамро танҳо ширкати амрикоии «Геокон» метавонад ҳаллу фасл намояд. Бо намояндагони ин ширкат гуфтугӯ дорем, аммо масъалаи маблағаш мушкилот пеш овардааст.
Хайрулло Амиралӣ ба суханони сардори раёсати мониторинги муҳандисӣ оромона гӯш дода, бо ҳамон солорию тамкини фитрии ба мусоҳибаш гуфт:
- Қарордодро биёред.
Хайрулло Сафарзода қарордодро мутолиа карда, ба хулоса омад, ки нахуст маблағи ин асбоб бояд ирсол гардад ва пас аз лаҳзаи дар ин бобат фармонро ҳам имзо намуд.
Дере нагузашта Нурулло Абдуллоев ба Амрико сафари хизматӣ анҷом дода, ин асбоби нозукро бо худ овард.
Асбоби «Экстензометр» барои чен кардани баҳамоию ҷафсшавии деворҳо, аз ҷумла, дар толорҳои мошинҳо ва трансформаторҳо хеле зарурат дорад. Ба ибораи фаннӣ ин ҳолати деворҳоро муҳандисон «конвергенсия» меноманд. Азбаски неругоҳи Роғун саропо дар зери замин, дар бағали кӯҳи боазамат ҷойгир аст, истифодаи асбоби нозуксанҷ ва ҳассоси «Экстензометр» ба таври ҳатмӣ лозим аст. Ин асбоб аллакай дар ҷои зарурии толори мошинҳо насб гардида, хизмати худро дар ҳифозати амнияти деворҳои ин нуқтаи муҳимтарини неругоҳ оғоз кардааст.
Хайрулло Сафарзода дониши бисёр баланду амиқи фаннию техникӣ дорад ва ӯ метавонад, ки ба лаҳзаи кӯтоҳе вориди лоиҳа шавад. Барои лоиҳаҳо хондану ташхис кардан ва фикри хосаи худро гуфтан, нахуст неруи аклонияи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё