Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар дигар идораҳое ҳам, ки ифои вазифа намудаам, ҳарчанд касеро миннатдор кардаӣ нестам, лекин аз фаъолияти худ осори нек гузоштаам.

Аз тарафи Сарвари азизи кишвар ба вазифаи Директори генералии ҶСК «НБО Роғун» таъйин шуданам масъулият ва боварии бузургест бар дӯши ман. Ҷавобан ба ин масъулият ва боварие, ки Пешвои миллат бар зиммаи ман вогузор кардаанд, то ҷон дар рамак дорам, саъйу кӯшиш менамоям...

Хайрулло Сафарзода дар мактаби ҳаёт обутоби ҳақиқӣ ёфт. Воқеан ҳам даврони фаъолияташ дар вазифаи сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ барои ӯ ҳамчун донишгоҳи асили зиндагӣ нақшу мақоми хосае дорад. Дар ин солҳо ӯ аз тарафи вазорат бо сафари хизматӣ ба сохтмони неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 мунтазам омада, барои ҳарчи зудтар ба фаъолият шурӯъ намудани он саҳми босозо гузошт. Неругоҳи Сангтӯда-1, ки нахустин иншооти давраи Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб ҳисоб меёфт, биноан нурафшон гардидани он аҳамияти бузурги ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ дошт. Хушбахтона, ин лоиҳаи муҳимтарини кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат ба сифати олӣ амалӣ гардид.

Лекин сохтмони иншооти сарнавиштсози миллат - Неругоҳи Роғун бо фарохию вусъат ва нодиртарини будани лоиҳааш аз дигар иншоот куллӣ тафовут дорад.

  • Муассисаи мо бо садҳо ташкилоту мамолики гуногуни ҷаҳон муомила ва ҳамкорӣ менамояд, - мегӯяд Хайрулло Амиралӣ. - Масалан, бо Ҷумҳурии Украина дар бобати харидории таҷҳизоти ҳам генератор, ҳам турбина сару кор дорем. Доир ба сомонолоти ёрирасони электромеханикӣ бо давлати Русия доду гирифт менамоем. Аз шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург ҳар навъ компрессор меорем.
пешина
аз 216
навбатӣ