Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Таҷҳизоти гидромеханикӣ аз давлати Голландия интиқол дода мешаванд.
Азбаски тамоми иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун дар зери замин воқеъ гардида, аз болои он кӯҳи азим хобидааст, ба ин ваҷҳ донистани ҳолатҳои мухталифи минтақаҳои иншооти мазкур барои мутахассисин заруранд. Ин амали муҳимро, чи тавре ки гуфтем, асбоби «Экстензометр» иҷро менамояд, ки онро ширкати «Геокон»-и ИМА истеҳсол мекунад...
Ҳамин тавр, бо кишварҳои Канада, Шветсия, Англия, Чин, Олмон, Испания муносибатҳои зич ба амал омадаанд.
Ду омил неругоҳи Роғунро ҳамчун иншооти нодиртарини ҷаҳон муаррифӣ намудааст: аввалан, сарбанди баландтарини он, ки 335 метр буда, бо сангу хок бунёд мегардад ва мисли сарбанди Норак мустаҳкам хоҳад шуд.
Сониян, иншооти неругоҳ комилан дар магзи кӯҳ буда, фақат қисматҳои обпартои нақбҳо намоён мешаванд. Ва баён медорем, ки тӯли куллияи нақбҳо ба 70 километр мерасад.
Возеҳ аст, ки ба умури сохтмон даст задани Бонки Умумиҷаҳонӣ мушкилоту ташвишҳоро хеле зиёд кард.
Лекин ин албатта, ба манфиати кор анҷом ёфтааст. Нуктаи назари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси он хоҳад буд, ки сохтмони иншооти Неругоҳи Роғун аз лиҳози фаннӣ, экологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ба тамоми меъёрҳо мувофиқат дорад ва эъмори он ба Тоҷикистон ва ба дигар кишварҳои поёноб зиёновар нест. Саранҷом кардани сохтмон дигар дар ихтиёри худи мост, зеро иншоот мансуби Тоҷикистон аст ва онро мардуми тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасл менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё