Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ки дар ҳавзаи наздикии дарё зиндагӣ мекунанд. Шояд саволе пеш ояд, ки ин ба кадом тарз? Аз он сабаб, ки ҳар як обанбор ғунҷоиши муайян дорад. Ва ин давраҳои серобӣ тӯлонӣ нестанд, як-ду-се рӯз мебошанд. Мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО Роғун бо меъёри аврупоӣ эҳтимолияти то дар даҳ ҳазор сол як маротиба зиёд шудани сатҳи омади обро ҳисоб кардаанд, ки онро ба лафзи фаннӣ эҳтимолияти ниҳоии обхезӣ мегӯянд. Ин зиёда аз 8000 м³/сония воридшавии об, яъне ҷорӣ гардидани об аз рӯдхонаи Вахш мебошад. Агар ба таърих нигарем, аз рӯдхонаи Вахш беш аз 3500 м³/сония гузаштани об мувофиқи мониторинги Туткавул аз соли 1953 инҷониб мушоҳида нашудааст. Пеши худ тасаввур кардан мумкин аст, ки чун об ду маротиба зиёдтар мешавад, яъне ба 7000 м³/сония ё 8000 м³/сония расидани маҷрои об одамон ба чӣ ҳолат гирифтор мешаванд. Маҳз чунин ҳолати нобасомонии обхезиро обанборҳои бузург танзим менамоянд. Масалан, обанборҳои Роғун ва Норак, -андеша меронад Хайрулло Сафарзода.

Гарчӣ мо аз ин фоидаи иқтисодӣ намебинем, вале таъмини бехатарии ҳамаи давлатҳои поёнобро анҷом медиҳем. Ин аз ҳисоби қисмати пурнашудаи обанбор, ки ҳамеша барои эҳтиёт нигоҳ дошта мешавад, имконпазир мегардад. Зеро ин қисмат барои ҷамъ овардани обҳои пиряхи Федченко ва умуман кулли сарчашмаҳои дарёи Вахш, ки зиёда аз 30000 км²-ро ташкил мекунад, нигаронида шудааст. Ин обҳо ҳамчун маҳзан ҷамъ карда шуда, дар мавридҳои беобӣ бо ин оби мусаффо давлатҳои поёноб таъмин мешаванд. Яъне ба ибораи халқӣ гӯем, на сих месӯзад, на кабоб. Мо ҳам барк истеҳсол менамоем, ҳам миқдори калони обро танзим месозем. Ин масъалаҳо яктарафа ҳал намешаванд, барои ҳаллу фасли ин масоил ва ба танзим даровардани чӣ барку чӣ об дар давраҳои шӯравӣ дар сатҳи ҳукуматҳои ҷамоҳир санадҳои махсус тартиб

пешина
аз 216
навбатӣ