Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан
  • Ин ҷо ба муаррифии иншоот чанд нуктаеро таъкид менамоем, ки он ба халқи тоҷик ва умуман барои давлатҳое, ки аз оби ҷонбахши Вахш менӯшанд, аз иқтидору имкониятҳои энергетикии он истифода мебаранд, аҳамияти тақдирсоз дорад, - мегӯяд Хайрулло Сафарзода. - Мақсади асосии сохтмони Неругоҳи Роғун ҳанӯз солҳои пешин ба назар гирифта шуда буд. Ин дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш неругоҳи калонтарин ба шумор меравад. Яъне таъмини барқи мунтазам барои ҷумҳурии азизи мо ва минбаъд барои рушди соҳа, чӣ электроэнергетика ва чӣ соҳаи хоҷагии халқ муҳим хоҳад буд. Ҳамчунин муҳтавои асосии неругоҳ ба он равона шудааст, ки вай бояд танзими бисёрсолайи ҷараёни Вахшро уҳда карда тавонад. Ин аз он хотир аст, ки диҷрамон дар саргаҳи об ҷойгир аст ва аз оне, ки ба кадом дараҷа мо ҷараёни дарёи Вахшро танзим менамоем, ба худамон ва ба давлатҳои поёноб вобастагии калон дорад.

Дарёи Вахш бо шохобҳояш аз ибтидо то интиҳои хеш, мавзеи гелиш ба дарёи Амударё дар масофаи 750 км тӯл кашидааст. Дар ду шохобе, ки ташкилкунандаи Вахш мебошанд, яъне шохобҳои Хингобу Сурхоб бунёди неругоҳҳои дигар ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидорашон аз 700-800 мВт то 2000-2500 мВт мерасанд. Агар бихоҳем, ки иқтидори дарёи Вахшро пурсамара истифода барем, дар ҳар як шохоби Вахш 5-6-то чунин неругоҳҳо сохтан мумкин аст.

  • Неругоҳи Роғун ва махсусан обанбори он ба ҳамбастагии неругоҳи Норак ва обанбори он ба манфиати сокинони болообу поёноб ин ҷараёнро танзим карда метавонад, - қайд менамояд Хайрулло Сафарзода. - Дар мавриди хушксолӣ ба ҳамин шарофат бо оби ошомидание, ки зарур аст, поёнобро таъмин карда метавонем. Дар давраҳои серобӣ бошад, аз хавфу хатари зери об мондани кишварҳои поёноб эмин доштан мумкин аст ва махсусан он сокинонеро,
пешина
аз 216
навбатӣ