Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ва ба фикри ман, пурра имкон буд, ки мутахассисони тоҷик бо дониши назариявии аз таълимгоҳ омӯхта, дар сохтмонҳо таҷриба андӯхта ба камол расанду чархаҳои неругоҳҳои Норак ва Бойғозиро васлу насб карда, ба истифода супоранд ва ин моии ифтихори ҳақиқии онҳо бошад. Аммо мутахассисини тоҷик ақаллан якчанд чарха ё ду-се чарҳаи ин неругоҳҳоро ҳам васлу насб накардаанд. Муаллими муҳтарам, барои ҳамин аз шумо дар бораи барномаи таълим маълумот пурсидам ва дар сурати афзалият доштани Донишгоҳи политехникии Ленинград тайёр будам, ки барои таҳсил ба он шаҳр биравам. Охир дар диёри мо дарёҳо бисёранд ва мо бояд неругоҳҳои зиёде бисозем ва дар баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонии неругоҳ васлу насби чархаҳои онро низ худамон иҷро кунем.
-
Ман бо фикру мулоҳизаҳо ва эродҳои шумо дар хусуси ғайриқаноатбахш ба камол расидани муҳандисини тоҷик мувофиқа дорам, - декан ба завқу шӯр омада, дасти Амруллоро фишурд, - салламно ба шумо, аз ҳеҷ кас чунин фикрҳои танқидиро нашунидаам, салламно, мушоҳидаю мулоҳизаҳои шумо ниҳоят муҳиманд. Шумо медонед, ки мо дар донишгоҳ ба донишҷӯён бештар илму маърифати мукаммали назариявӣ медиҳем. Донише, ки мо ба шогирдон дар ин бобат меомӯзем, аз ягон донишгоҳи дигар кам нест. Албатта, ба амалия татбиқ шудани он донишҳо низ назорат мекунем. Лекин минбаъд муҳандиси ҳақиқӣ ба тӯли солиён дар майдони кор ба камол мерасад, ба шарте ки назария бо амалия пайванд биёбад. Ва барои ин шароит фароҳам биёяд.
-
Устод, он илму донише, ки шумо ва дигар профессорҳону дотсентҳо ба мо, донишҷӯён меомӯзед, - бо миннатдорӣ изҳор дошт Амрулло, - ба дараҷаи олӣ буда, дар сатҳи савияи донишгоҳҳои мамолики пешрафтаи хориҷӣ мебошанд. Аз худ кардани ин дониши фаровон ва ба амал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё