Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

татбиқ намудани он ба шароити созгори кор ва худи мо вобаста аст.

  • Мулоҳизаҳо ва фикрҳои танқидии шуморо дар шӯрои илмии факулта муҳокима намуда, онҳоро ба баррасии ҷаласаи мушовараи вазорати маориф ва илм низ пешбарӣ мекунем, - гуфт декан, - гап бештар дар сари кори амалия аст.

  • Устод, агар ин гуфтугузорҳо ба манфиати ҳадафи мо анҷом меёфтанд, хуб мебуд.

  • Албатта, ба манфиати кор хоҳад шуд. Шумо, ки дар хусуси ин масъала бо дарди дил баҳсу талош карда истодаед, ҳамин худ нишонаи пешравист.

  • Устод, ҳазорон таассуф, ки алҳол дар диёри мо ягон муҳандиси тоҷик бо сари боло гуфта наметавонад, ки дар фалон сохтмон бо қудрати ақлу фаросат ва ҳунари дас-тони худ ягон чархаи неругоҳро васлу насб карда, ба истифода супурда бошад. Мо дар бобати фикру андешаи муҳандисӣ хеле қафо мондаем, муаллим.

  • Насли ҷавони кунунӣ ин қафомониро пушти сар хоҳад кард.

  • Кошки, ҳамин тавр мешуд.

Амрулло бо ҳамин минвол дарди дили худро изҳор на-муда, дар ин бобат бори аввал суҳбати ошкоро кард. Роҳбару устоди факултаи энергетикаи донишгоҳ низ аз ин гуфтори самиҳӣ фараҳманд гашта буд. Шогирд дар поёни суҳбат аз устод эҳтиромона хоҳиш намуд, ки роҷеъ ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ барои ба даст овардани рӯйхати рисолаю китобҳои илмӣ ёрӣ расонад.

Устод ин хоҳиши шогирдро пазируфт.

Дар ҳақиқат баъд аз ду-се рӯз Амрулло рӯйхати тӯ-лонии адабиёти заруриро дарёфта, рӯ ба ҷониби китобхо-наи донишгоҳ ниҳод. Ба ҳамин васила ӯ домани шабҳои дарозро бо мутолиаи китоб кӯтоҳ мекард.

пешина
аз 216
навбатӣ