Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Ҳамон рӯзе ки Амрулло давраи навбатии таҳсилро хатм намуда, ба Роғун баргашт, ӯро хабари хуше маҳтал буд. Роҳбари «Спецгидроэнергомонтаж» Лаврентий Иннокентевич Ким вайро ба кор даъват намуд. Дар ин вақт Мигуренко ба идораи асосии ин корхона баргашта, бар ивази вай Ким роҳбари шӯъбаи дар Роғунбудаи ин муассисаи олимаком таъин шуда буд.
-
Амрулло Муқаддасович, - тавассути телефон занг зада гуфт Лаврентий Иннокентевич, - воқиф ҳастам, ки як вақт дар муассисаи мо хоҳишманди кор кардан будӣ. Агар ҳоло ҳам ин хоҳиш дар дили ту шарора дошта бошад, биё, ҳамкори мо шав, ба идораи «Спецгидроэнергомонтаж» мисли ту муҳандисони ҷасур ва ҷӯянда даркоранд.
-
Ба бовариат ташаккур, Лаврентий Иннокентевич, - посух гуфт Амрулло, - муассисаи ту макони муҳандисони олирутба аст, ҳатман меоям ва дар «Спецгидроэнергомонтаж» кор карданро барои худ ҳамчун мактаби дигаре меҳисобам.
Ба ҳамин минвол Халилов Амрулло Муқаддасович дар вазифаи Сардори минтақаи муассисаи баландмақоми «Спецгидроэнергомонтаж» таъин гардид.
Воқеан ҳам коргоҳи нав барои Амрулло ба монандӣ донишгоҳи бузурги таҷрибаомӯзӣ шуд. Ким муҳандиси пурдоне буда, аз ҷумлаи пайравон ва шогирдони Мигуренко ҳисоб меёфт. Вай ба Амрулло ба сифати устоз васлу насби дастгоҳҳои гуногуни иншооти гидротехникиро омӯхт.
- Ман дар вазифаҳои масъули муассисаи «Спецгидроэнергомонтаж» чордаҳ сол кор кардам, - мегӯяд Амрулло Муқаддасович, - ин солҳоро идомаи омӯзиш, такмили таҷрибаю малака номидан мумкин аст. Ҳамчун корманди ин муассиса дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» иштирок намудам. Кранҳои пойгоҳи «Сангтӯда-1», пойгоҳи истеҳсолии корфармо, толори мошинҳои ин неругоҳро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё