Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ман васл кардаам. Барқарору васл кардани кранҳо шуғли дӯстдоштаи мананд, ҳарчанд ки ин кор хеле хатарнок аст. Аслан дар тӯли фаъолияти худ даҳ кранро барқарору насб кардаам.
Амрулло дар давраҳои барои ҷумҳурӣ муташанничу душвор бо ҳамкасбон ва ҳамкорони худ дар сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, дар эъмори пулҳои манотиқи Зигиртӣ, Сангтӯда, Сарбанд ва Қурбоншаҳид хизмат намудааст. Сонитар дар ноҳияи Рашт стансияи насосии Лойобаро барқарор кардааст, ки ба шарофати он сокинони деҳот бо оби ошомиданӣ таъмин гардида, киштзорон ҳам обёрӣ шудаанд.
Орзуи Амрулло он буд, ки дар паҳлуи васлгари чарҳаҳои неругоҳи Сангтӯда – 1 истода, ҳар як амали дастону панҷаҳои мӯъҷизаофарини ӯро бо чашмони худ бубинад ва инҳоро дар оинаи оҳанини хотирааш нақши абадӣ бубандад. Мутаассифона, ин ба вай муяссар нагардид, зеро васлгари чарҳаҳои ин неругоҳ мутахассиси як ташкилоти хориҷӣ буд ва он ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нашуд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳассостарин шахси бегона ширкат дошта бошад.
Амрулло Муқаддасович бо мамнунӣ қайд менамояд, ки соли ду ҳазору ҳашт бо ташаббуси шахсии Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи неругоҳи Роғун дигаргунии куллӣ ба амал омада, сохтмони он дубора оғоз гардид. Ҳамчунин дар ин сол дар зиндагии шахсии ӯ низ воқеаи муҳиме ба амал омад. Амрулло Муқаддасович барои иҷрои орзуи азалии худ ва ҳаллу фасл кардани мушкилоту муаммои ботиниаш корхонаи шахсии «Нурафшон»-ро ташкил намуд.
- «Нурафшон» муассисаи махсусгардонидаи гидротехникии иншооти сохташаванда мебошад, - ҳикоя мекунад Амрулло Муқаддасович. - Ва он зодаи даврони истиқлоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё