Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
дигар усулҳои биологӣ фаҳмид, ки барои пурра азхуд кардани пешаи дӯстдоштааш таълими соҳа гирифтан зарур будааст.
Бо ин мақсад акаи Маҳкам соли 1982 ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи техникуми политехникии Тоҷикистон, бахши ҷангалпарварӣ супурд. Акнун ӯ баробари дар истеҳсолот кору фаъолият доштан таҳсилашро давом медод. Донишу малакаи бои корӣ имконият дод, ки вай соли 1985 политехникумро бомуваффақият хатм созад.
Солҳои аввал Маҳкам устои ҷангал, сипас муҳандис шуда кор кард, баъдтар ӯ сарҷангалпарвар таъин шуд...
Ин саҳарӣ хост боз аз қитъаи арчаҳои нав шинондааш хабар гирад. Охир ӯро одат шудааст, ки то дастниҳолонашро набинаду ба қавле дӯстдорӣ накунад, дилаш қарор намегирад. Ӯ хост ба қитъаи сарсабз ворид шавад, ки аз рӯ ба рӯяш писараш Акрамбой баромад. Падару писар самимӣ вохӯрӣ карданд.
Маҳкам ба рӯи офтобхӯрдаи ҷигарбандаш бо меҳр нигарист. Қалбаш шоду масрур гашт, ки писараш ҷойгираш шудаасту дар зиндагӣ накӯкориро пеша кардааст. Ӯ ҳам мисли худаш ошиқи табиат, дашту хомун аст, аз дил гузаронд акаи Маҳкам. Хост ба фарзандаш изҳори ташаккур кунад, аммо боз истиҳола кард. Дар ҳузури инсон таъриф хуб нест андешид падар ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё