Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
карда армия рафт. Маҳкам Ҷӯраев тайи солҳои 1961 — 1964 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия адои хизмати афсарӣ дошт. Ин солҳо бароиш мактаби ҳақиқии диловарӣ, мардонагӣ гардид. Ҷисмаш обутоб ёфта, нозукиҳои соҳаашро хуб омӯхт. Ҳамзамон ба варзиш машғул гашта, пешсафи мусобиқот гардид.
Баъди аз хизмат баргаштан як сол устои таълимӣ - истеҳсолӣ дар ноҳияи Панҷакент буд. Акнун ҳис кард, ки бояд озими шаҳри орзуву ормонҳо пойтахти Тоҷикистони азиз — Душанбе шавад. Ӯ хаёлан бахту иқболашро дар пойтахти тоҷикон медид. Бо ин орзуву ормонҳо Душанбе омад...
Маҳкам хост ниятҳои айёми бачагӣ, мактабхониашро амалӣ созад ва риштаи қисматашро ба ҳимоя - ҳифзу бонии беша, табиат бахшад. Бо ин мақсад бе ҳеҷ дудилагӣ ба хоҷагии ҷангал омад. Ин соли 1977 буд, ки ӯро ба сифати коргари оддии хоҷагии ҷангали пойтахт ба кор қабул карданд. Он айём Маҳкам Ҷӯраев ба гӯшаи хаёл намеовард, ки як умри азизи хешро сарфи ин соҳа сохта беш аз 40 сол маҳз дар ҳамин идора кору фаъолият мекунад.
Акнун Маҳками ҷавон ба шуғли дӯстдоштааш бо дилу нияти нек шурӯъ кард. Муҳити атроф, долу дарахтони ҳамешасабзи участкаашро хуб омӯхт. Ҳангоми шиносоӣ бо навъҳои дарахтон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё