Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Шералӣ аз дуриҳо ба гӯш расида, дар саросари дашт танинандоз мегардад ва мисли рӯймоли сафеде парпаракзанон мегузарад. Вале дарду доғи модар дар синаи ошуфтааш боқӣ мемонад:
Эй дарахте, ки ман зи шохаи ту,
Гоҳу бегоҳ мевае хӯрдам.
Ҳам зи чӯби туву зи сояи ту,
Баҳри ҳоҷат баҳрае бурдам.
Пеши ман ҳаққи модарӣ дорӣ.
Модарам даргузашту фаҳмидам,
Ки аз ӯ дар ҷаҳон нишон боқист.
Эй нишонҳои модарам дар даҳр,
То барои ман ин ҷаҳон боқист,
Баҳри ман ҳаққи модарӣ доред.
Роҳи зиндагии Маҳкам Ҷӯраев дар ҳаёту кори ҳаррӯзааш тахту ҳамвор набудааст. Ӯ ки фарзанди кӯҳистони ноҳияи Айнӣ асту аз фарҳанг, илму адабиёт хуб огоҳӣ дорад, хостааст дар умри азизаш аз хеш нақше ба ёдгор монад. Ин нақши ӯ дар хоҷагии ҷангал, эҳёи кӯҳу даман, сарсабз намудани талу пуштаҳо сипарӣ шудааст. Ҳамеша дар хотир дорад, Маҳкам Ҷӯраев солҳои аввали кораш ва хоҷагии ҷангалро. Роҳбарони онвақта Сайфулло Пӯлодов, Ҳаким Раҳмонов, Абдусаттор Шарипов, Ҳайдар Шарипов барои бунёди ҷангали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё