Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Қамчин корҳои хайру савоберо анҷом додаанд.
Сайфулло Пӯлодов аз ҷумлаи раисоне буд, ки қобилияти ташкилотчигии хуб дошт, бо сухани нарм, ширинзабонӣ метавонист коргаронро ба корҳои неку хайр ҳидоят созад. Барои баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагии ҷангал аз дигар минтақаҳо, гармхонаҳо ниҳолҳои гуногуни ороишӣ, мевагӣ оварда дар ин ҷо мешинонд. Кори хоҷагии ҷангал пешраву намунавӣ буд, ҳамаи ҷангалбонҳо пурмаҳсул кор карда маоши хуб низ мегирифтанд. Коргарон бо сару либоси махсус таъмин гашта, ҷангал ободу хуррам буд. Зеро ҳамаи коргарон аз як гиребон сар бароварда, ҳалол меҳнат мекарданд ва бахилӣ ё коргурезӣ миёни онҳо набуд.
Ҳар моҳ нақшаҳои истеҳсолиро барзиёд иҷро карда танҳо таърифу тавсиф насибашон буду халос. Акаи Маҳкам ҳоло ҳам дӯстон, ҳамкорони собиқашро ёд карда, бо номи онҳо фахр месозад, меболад, ки бо чунин одамон ҳамкорӣ дошт, онҳоро бо эҳтиром ном бурда, байтро мисол меорад:
Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.
Маҳкам Ҷӯраев ин байтро такрор карда номи боз чанд нафар роҳбарону ҳамкорони баномусашро хотирнишон кард. Бобои Рабий,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё