Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

бобои Халифа, мӯйсафедон Хоҷаназару Қурбон нахустин бунёдкунандагони ҷангалу боғҳои сермева, дарахтон буданд. Онҳо умри худро ба ана ҳамин долу дарахтон бахшидаанд. Барои беҳбудии мардум шабу рӯз меҳнати ҳалол карданд. Чеҳраи чунин роҳбарони дилсӯз мӯйсафедону пирони барнодилро мардум асло фаромӯш намесозад. Зеро онҳо ғами худро не, ғами халқу мардуми диёрро мехӯрданд.

Акаи Маҳкам нигоҳи андешамандашро ба нуқтаи номаълуме дӯхту ҷуссаи паҳлавононааш беқарор гашт. Ӯ оҳи сабуке кашида ба ҳавлӣ, ҳаёташ чашм давонд. Дар ҳавлӣ, боғаш мургон, як-ду мурғобӣ бо ҳавсала дону об ҷуста бо овози пасти худ оромиро халалдор карданд. Акаи Маҳкам ба мургон хеле зеҳн монда оҳиста нидо кард.

  • Чӣ одамони накӯ, дарёдил, саховатпеша буданд. Илоҳо рӯҳашон шод, манзили охираташон обод бошад!

Маҳкам Ҷӯраев аз фаъолияти бисёрсолаи хеш ва ҳамкоронаш гап зада, аз он месолад, ки тӯли ин солҳо танҳо кори ҳалол карда пеши касе сар ҳам накардааст, балки аз пушти меҳнат, заҳмат обрӯӣ ёфтааст.

Ин аст, ки вай ҷангалзорро мисли зодгоҳаш Қум дӯст медорад. Солиёни зиёдест, ки хонааш дар шафати хоҷагии ҷангал қарор дорад.

пешина
аз 82
навбатӣ